Намоиши филми “Саҳв” дар кинотеатри “Ватан”

Дар рӯзҳои синамои Узбакистон барои тамошобинон филмҳое пешниҳод мешаванд, ки синамогарони узбак дар даҳ солаҳои охир ба навор гирифтаанд.

Аз 12-уми январ то 12 уми феврал соли ҷорӣ   дар кинотеатри “Ватан” филми “Саҳв” истеҳсоли “Хатлонсинамо” ба намоиш гузошта мешавад. Коргардони филм Зафари Валӣ буда, дар он ҳунармандони маъруфи кишвар, ба мисли Ортиқи Қодир ва Назирмад Мусоев нақшофарӣ кардаанд. Филми мазкур  мавзуи мубрами имрӯза якдигарнофаҳмӣ дар миёни оилаҳои ҷавонро думболагирӣ мекунад. Филми “Саҳв” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Тоҷикфилм истеҳсол шуда, нахустин филми ҳунарии “Хатлонсинамо” мебошад.

Иштироки филмњои “Тоҷикфилм” дар кинољашноварањо

Филмњои “Таксӣ” ва “Тангно” дар 17-умин кинољашнвораи байналмилалии Бангладеш Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Дар ҷашнвораи имсола беш аз 170 филм аз 60 кишвар ширкат мекунад. Филми “Тангно” дар бахши филмҳои пурра ва филми “Таксӣ” бошад, дар бахши филмњои  кутоҳ пешкаш гардидаанд. Соли гузашта филми “Таксӣ” дар як қатор синамобазмҳои ҷаҳонӣ, аз љумла кинобазмҳои “АвруОсиё”, “Умут”, “Иртиш синамо” ва “Дидор” соҳиби ҷойиза ва ифтихорнома гардид.

Тањия ва наворбардории филмҳои ҳунарӣ

Коргардон Носир Раҳмон филми навбатии худро бо номи

“Нигоҳи ғизол”  рӯйи навор меорад. Филми мазкур филми  ҳунарии пурра маҳсуб ёфта, дар минтақаи Қаратоғи ноҳияи Шарҳринав наворбардорӣ мешавад. Муҳтавои филм дар бораи иддае аз ашхосе,   ки мехоҳанд оҳувони нодирро шикор намоянд, њикоят мекунад. Аммо нафароне пайдо мешаванд, ки садди роҳи онҳо мегарданд. Ҳамаи сањнањои филм дар мавзеи зебои Қаратоғ рӯйи навор омада, ҳунармандони ҳирфаӣ дар он нақш меофаранд. Филми “Нигоҳи ғизол”  ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, аллакай дар марҳилаи омодагӣ барои сабт қарор дорад.

Коргардони ҷавон Ватандор Шеров филми кўтоҳи ҳунарии   худро бо номи “Инсоф” рӯйи навор меоварад. Ҷараёни сабти филм миёнаи моҳи январ сурат гирифта, макони наворбардорӣ шаҳри Душанбе ва деҳаи Чуянгарони шаҳри Ваҳдат интихоб шудааст. Филм кутоҳмуддат буда, дар он ҳунармандони театру синамо аз қабили Бунёд Комилов, Аъзам Розиқ, Далер Мирхонов, Аҳлиддин Ҳасанов ва Суҳроб Ҷанҷолов нақш меофаранд.   

     Сужаи филм коста шудани меҳру шафқат миёни мардум дар замони ҷаҳонишавӣ ва муносибати духтур бо мизоҷро думболагирӣ мекунад.

       Муаллифи филмнома Абдулмумин Шарифӣ буда, муҳтаво аз рӯйи ҳикояи Муҳаммадшариф Бобошоњзода бардошта шудааст.

Қаблан Шеров Ватандор дар мавзӯи никоҳи хешутаборӣ ва танзими ҷашну маросимҳо филм бардошта буд. Филми “Инсоф” сеюмин кори эҷодии ӯ мебошад, ки бо дастгирии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рўйи навор меояд.