Иштироки филмҳои тоҷик дар киноҷашновараҳо

Филмҳои “Таксӣ” ва “Тангно” дар 17-умин киноҷашнвораи байналмилалии Бангладеш Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Дар ҷашнвораи имсола беш аз 170 филм аз 60 кишвар ширкат мекунад. Филми “Тангно” дар бахши филмҳои пурра ва филми “Таксӣ” бошад, дар бахши кутоҳ пешкаш гардидаанд. Соли гузашта филми “Таксӣ” дар як қатор синамобазмҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла  кинобазмҳои “АвруОсиё”, “Умут”, “Иртиш синамо” ва “Дидор” соҳиби ҷойиза ва ифтихорнома гардид.