Таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарӣ

Коргардон Носир Раҳмон филми навбатии худро бо номи “Нигоҳи ғизол”  рӯйи навор меёрад. Филми мазкур филми  ҳунарии пурра маҳсуб ёфта, дар минтақаи Қаратоғи ноҳияи Шарҳринав наворбардорӣ мешавад. Муҳтавои филм дар бораи иддае аз ашхосе,   ки мехоҳанд оҳувони нодирро шикор намоянд, ҳикоят мекунад. Аммо нафароне пайдо мешаванд, ки садди роҳи онҳо мегарданд. Ҳамаи саҳнаҳои филм дар мавзеи зебои Қаратоғ рӯйи навор омада, ҳунармандони ҳирфаӣ дар он нақш меофаранд. Филми “Нигоҳи ғизол”  ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, аллакай дар марҳилаи омодагӣ барои сабт қарор дорад.