Дурбин

“Дурбин”

Филми кӯтоҳи бадеӣ, жанри драма, 29 дақиқа 57 с, жанри драма.

Муаллифи филмнома ва коргардон Робия Атоева, наворбардори таҳиягар Шӯҳрат Қурбонов, садобардор Рустам Шарипов, рассом Абдурашид Ҷалилов, оҳангсоз Иқбол Завқибеков, коргардони овоз Шаҳринисо Яковлева, танзимгар Шавкат Марупов, пардозгар Манижа Холова, мушовир Носир Саидов.

Дар нақшҳо: Одил – Нурбахш Ҳафиз, Гулрӯ – Омина Муҳиддинова, шикорчӣ – Абдукарим Машрабов, Рустам – Анушервон Ҷалилов, модар – Фирӯза Раҳмонова, муаллима – Амина Табарова, Сайёра – Шамися Асалова.

Ба зиндагии Одили хурдсол мушкилиҳои хонаводагӣ таъсири ҷиддӣ дорад. Ӯ падарашро ёд надорад ва худашро писари модараш Назокат медонад. Мисли дигар бачаҳо шавқи ба мактаб рафтанро дорад, аммо вазъи оилаашон ин имконро ба ӯ намедиҳад. Ӯ мактабро бо  дурбини аз шохи дарахти дулона ёфтааш тамошо мекунад ва омадани дӯсташ Гулрӯро интизор мешавад. Ниҳоят мерасад рӯзе, ки Одил мустақилона худаш ба мактаб меравад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *