Ҳеҷ кас намедонад, ки онҳоро чӣ интизор аст?

           Бо сабаби тамбашавии тулонӣ дар роҳ, ронандаи мошини мусофиркашонӣ самти худро иваз мекунад. Роҳи печ дар печ аз миёни анбуҳи дарахтон ва дашту саҳро  ба дили мусофирон тарсу ҳаросро меофарад. Дар ҳар лаҳза воқеаҳои аҷоибу ғароиб думболагири мусофирони автобус мегардад. Ҳеҷ кас намедонад, ки дар пеш онҳоро чӣ интизор аст?

          Чунин аст хати достони филми ҳунарии “Автобус”, ки  баъди наворбардорӣ дар марҳилаи банду баст ва коркарди садо қарор дорад. Жанри филми ҳунарии “Автобус” мазҳакаи маҷароӣ буда, дар он ҳунармандони маҳбуб аз қабили Насриддини Нуриддин, Абдумуъмин Шарифӣ, Заррина Хушвахтова, Мавлона Наҷмиддинова, Нисо Маҳмадҷонова, Суҳроби Нур, Мунира Зоирова, Санъатова Сураё, Умеди Султонмурод ва дигарон нақшҳои хотирмонро иҷро намудаанд.  

        Муаллиф ва коргардон Абдулҳай Зокиров буда, дар филм Уроқов Абдукарим ба ҳайси наворбардор – таҳиягар ва Далер Миҳтоҷов чун рассом – таҳиягар фаъолияти эҷодӣ намудаанд.  

         Зимни  ҳаракати автобус минтақаҳои зебо ва сайёҳии Тоҷикистон аз ҷумла, мавзеи Қаратоғ, шаҳри Исфара, лолазори Данғара, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Ашт дар пасманзари он инъикос меёбанд.

          Филми ҳунарии “Автобус” дар баробари филмҳои Рақси зиндагӣ, Роҳпаймоии домодшавандагон ва Нигоҳи ғизол баҳри пиёда сохтани Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018 – 2022 дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо коргардонии Абдулҳай Зокиров таҳия шудааст.

          Қарор аст, дар арафаи ҷашни мобораки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нахустнамоиши филми ҳунарии Автобус баргузор мегардад.  

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *