Силсиланамоиши филми “Рақси зиндагӣ” дар кинотолори Ватан

             Дар кинотолори (кинотеатр) Ватан  аз 6 то 26 июн ҳамарӯза соатҳои 13:00 ва 18:00  намоши филми ҳунарии “Рақси зиндагӣ баргузор мегардад. Филми мазкур  истеҳсоли Муассисиаи давлатии “Тоҷикфилм” буда, бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ таҳия шудааст.

           Сужаи филм дар бораи духтару писаре нақл мекунад, ки як садамаи ногаҳонӣ онҳоро дилбохтаи ҳам мекунад. Ба рағми ҳама монеа ва фишорҳо аз ду фазо – шаҳр ва деҳа, фазои ишқу муҳаббат месозанд. Зимни тамошои филм дар зеҳн саволе тавлид мешавад, ки оё то охир бо ҳам содиқ ва хушбахт мемонанд ва ё на?

            Дар филми “Рақси зиндагӣ” ҳунармандони машҳур аз ҷумла, Абдукарим Машрабов, Аловуддин Абдуллоев, Тоҷиниссо Саидова, Мастура Ортиқзода нақшҳои хотирмонро иҷро намудаанд.

Трейлери филмро дар Ютуб торномаи  “Тоҷикфилм” TJ film  тамошо кунед. 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *