Як ҷаҳиши бузург дар санъати синамо

            Китобхонаи миллӣ шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ шуд. Дар ин ҷо нахустин бор созишномаи муштарак миёни Муассисаи давлатии Тоҷикфилм ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии мардумии Чин  оиди санъати синамо ба имзо расид. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд ва дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ишорат намуданд. Ба имзорасии созишномаи мазкурро яке аз ҷанбаҳои хуби ин муносибатҳо медонанд.  

             Созишнома аз 17 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои марбут ба филмбардориро фаро мегирад. Минбаъд синамогарони ду кишвар метавонанд дар ҳамҷоягӣ филм истеҳсол намоянд. Ҳамчунин, оиди ба намоиш гузоштани филмҳо, ҳамкориҳои эҷодии синамогарони ҳарду давлат, ҳуқуқи муаллифӣ, даъвати ҳунармандон, ҷалби ҷониби сеюм барои таҳияи филм, иштироки филми муштарак дар синамобазмҳои ҷаҳонӣ, даъвати мутахассисони ҳар ду ҷониб, филми тавлидшуда бо зернависи тоҷикӣ – чинӣ ва ё яке аз забонҳои хориҷӣ  дар созишномаи мазкур дарҷ шудааст. Бояд зикр кард, ки созишномаи оиди ҳамкориҳо миёни филмофарони тоҷику чинӣ дар чорчубаи қонунҳои ҳарду давлат ва риоя кардани тартибот, инчунин эҳтиром гузоштан ба фарҳангҳои ҳарду миллат фаъолият менамояд.       

              Албатта, ҳамкориҳои зичу муфид дар соҳаи кинематография миёни синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин барои рушди синамои ҳарду давлат мусоид буда, мубодилаи фарҳангӣ ва иқтисодиро вусъат мебахшад.   

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *