Натиҷаро рӯйи парда оварданд

          Хатмкунандагони  шуъбаи режисураи филмҳои бадеии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанг ба номи М. Турсузода дар салони синамоии “Тоҷикфилм” натиҷаи омӯзиш ва таҷрибаи 4 солаи худро ба намоиш гузоштанд. Роҳбари бадеӣ ва эҷодии онҳо Юнус Юсупов буда,  Асаланшоҳ Раҳматуллоев, Диловар Султонӣ, Фарҳод Мирахмедов, Алишер Негматов ва Сулаймон Рашидов ба онҳо аз фанҳои ҳунари актёрӣ, продюсерӣ, танзим ва маҳорати коргардонӣ дарс  гуфтаанд. Филмҳои “Ҳаштум”, “Паррандаи сеҳрнок”, “Гули бишкаста”, “Зодрӯз” ва  “Взаперти” маҳсули кори онҳо буда, дар жанрҳои гуногун ва дар шакли кутоҳмуддат таҳия шудаанд.

          Хатмкунандагони Шуъбаи режисураи филмҳои бадеии ДДФС ба номи М. Турсунзода тули таҳсил дарсҳои амалиро дар Муассисаи давлатии Тоҷикфилм гузаронида, ҳамчунин дар рафти наворбардорӣ ва истеҳсоли филмҳои муассиса дар вазифаҳои мухталиф  иштирок мекарданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *