Нашри нахустин маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” дар Тоҷикфилм

          Баъди таъсисёбии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бори нахуст маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” рӯйи чоп омад. Ин маҷалла маводу назарҳои марбут ба синамо ва матолиби дигареро баҳри гуногунандешӣ нашр менамояд. Нахустин бор рӯнамоии маҷалаи “Кино” зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар ин нишаст оид ба вазъи синамои миллӣ, таҳияи филмҳои ватанӣ ва дар ин доира баррасии маҷаллаи “Кино”  сурат гирифт.   Маҷалаи мазкур бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ дар ду моҳ як маротиба чоп мегардад. 

          Ҳамчунин зимни нишасти хабарӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” муҳтарам Носир Раҳмон аз рӯзноманигорон бобати ҳамкории эҷодӣ дар соҳаи филм ва нашри мақолаву назарияҳо марбут ба синамои миллӣ дар маҷалаи “Кино” даъват ба амал овард.

         Бояд гуфт, ки нашри маҷаллаи “Кино”  барои пиёда сохтани “Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022” иқдоми беназир ба ҳисоб рафта, барои фаъолияти якунимсолаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар баробари таъсиси раёсатҳо, барқарорсозии кинотолорҳо дар шаҳру навоҳии кишвар қадами нек арзёбӣ мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *