Филме, ки бунёдаш аз фалсафаи адиб Темур Зулфиқоров маншаъ мегирад

            Орзуҳои ширин ва “ҳадафҳои бузург”-и падару модар нақшаи ба шавҳар додани ягона духтарашонро тавлид мекунад. Онҳо дар рӯзномаҳо эълон мекунанд, ки духтари қадрасе доранд. Домодшавандаҳо баъди хондани эълон ҳар яке пайи ҳам ба хостгорӣ меоянд. Чунин аст муҳтавои филми ҳунарии “Сафи домодҳо”, ки дар жанри ҳаҷвию мусиқавӣ аз рӯйи асари адиби машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров таҳия шудааст.

         Филм бо коргардонии Румӣ Шоазимов рўйи навор омада, дар он  ҳунармандони номии кишвар,  аз қабили Асланшоҳ Раҳматуллоев, Бароҳат Шукурова, Рафоат Шоазимова,  Аъзам Азамбеков, Шералӣ Абдулқайс, Баҳодур Миралибеков ва дигарон  нақшҳои хотирмонро иҷро намудаанд. 

         Нахустнамоиши пўшидаи филми мазкур дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” баргузор шуда, қарор аст ба синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ фиристода шавад. Бояд гуфт, ки яке аз хусусиятҳои филми “Сафи домодҳо” ин истифодаи хубу бамавриди   сару либоси миллӣ мебошад.          

         Филм дар шаҳри Душанбе ва майдончаи наворбардории Симиганҷ, воқеъ  дар дараи Ромит наворбардорӣ шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *