Ҳарфҳои “Алифбо” ба тасвир кашида мешаванд

         Шуъбаи филмҳои аниматсионӣ тасмим гирифтааст, ки   то охири соли ҷорӣ барои кудакони то мактабӣ филми тасвирии пурраи “Алифбо” –ро  истеҳсол намояд. Филми мазкур баъд аз  омодагӣ, тартиби ҷузъиёт ва сохтани персонажҳо дар марҳилаи сохтани аниматсия қарор дорад. Барои офаридани филми мазкур  беш аз 20 нафар мутахассиси варзида фаъолият дорад.

          Филм аз рўйи  филмномаи Умеда Раҳимова,  бо коргардонии Фирдавс Насруллозода таҳия мегардад. Барои овоз ва дубляжи филми аниматсионии “Алифбо” ҳунармандони театру синамо даъват карда мешаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *