Киноҷашнвораи Само ва филми “Дуғоб”

          Филми кутоҳи “Дуғоб” аз коргардон Зайнулобиддин Мусо  дар Киноҷашнвораи байналмиллалии “Само”-и кишвари Шведсия иштирок менамояд.

          Муҳтавои филм дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки бо ҳунармандӣ дар як деҳаи дурдаст зиндагии худ ва писари хурдсолашро таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯй мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ биёваранд. Аммо бинанда ба росткорӣ ва ишқи пок доштани он, инчунин, бо мубориза бурданаш шоҳид мегардад.

         Коргардони филм Зайнулобиддини Мусо, наворбардор Мумин Латифӣ буда,  Ансори  Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов нақш офаридаанд.

          Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само”  соли 2009 аз ҷониби муҳоҷирони афғон дар кишвари Шветсия таъсис ётааст, ки ҳар сол аз 13-ум то 15-уми сентябр дар шаҳри Стокҳолм баргузор мегардад. Имсол филми “Дуғоб” дар саҳифаи қабули филмҳо дар радаи 5-ум  (www.afghaniffs.com)  қарор дорад.

        Ҳаҷми филми “Дуғоб” 35 даққиқа буда, ин нахустин бор аст, ки дар ҷашнвораи берун аз кишвар иштирок менамояд. Филми кутоҳи “Дуғоб” миёнаи солҳои 2018 ва 2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”  истеҳсол шудааст.

Акс аз ҷараёни сабти филми “Дуғоб”

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *