Нахустин ҷоизаи филми “Дуғоб” берун аз кишвар

          Филми кутоҳметраи коргардони тоҷик Заёнулобиддин Мӯсо бо номи “Дуғоб”  дар бахши “филми кӯтоҳи достонии хориҷӣ” -и Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” сазовори ҷоизаи асосӣ гардид. Дар ҷашнвора имсол беш аз 30 филми ҳунарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Лубнон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистн, Покистон, Олмон, Туркия,  Канада,  Ҳиндустон ва Дания иштирок намуд. Ҳакамони  киноҷашнвораи мазкур  ба забони филм, муҳтаво, мавзуъ, аҳамияти забони тасвир диққат додаанд, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.

          Муҳтавои филми “Дуғоб”  дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки бо ҳунармандӣ дар як деҳаи дурдаст бо писари хурдсолаш зиндагӣ   менамояд. Ашхоси тамаъҷӯй мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ биёваранд. Аммо бинанда ба росткорӣ ва ишқи пок доштан, инчунин бо мубориза бурданаш шоҳид мегардад.

         Коргардони филм Зайнулобиддини Мӯсо, наворбардор Мумин Латифӣ буда,  Ансори  Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов нақш офаридаанд.

         Имсол Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само”  11-умин давраи худро ки дар муддати се рӯз дар шаҳри Стогҳолми кишвари Шветсия баргузор намуд. Филми “Дуғоб” бошад, нахустин бор дар ҷашнвораи хориҷ аз кишвар иштирок намуда сазовори ҷоиза гардид.   

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *