“Лолаи тиллоӣ”- Киноҷашнвораи навбатӣ дар Тоҷикистон

         Маркази фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) ва Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯзҳои охири моҳи ноябр Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ”-ро баргузор менамоянд. Киноҷашнвораи мазкур филмҳое, ки аз соли 2018 то соли 2019 истеҳсол шудаанд, қабул менамояд. Ҳайати эҷодии филм аз қабили филмноманавис, коргардон, рассом, оҳангсоз ва наворбардор бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

         Киноҷаншвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” аз чаҳор номинатсия аз он ҷумла:

  • Беҳтарин филми пурра
  • беҳтарин филми кутоҳмуддат,
  • беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ва
  • ҷоиза барои саҳм гузоштан дар рушди синамои миллӣ иборат мебошад.

        Филмҳои қабулшуда бояд мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳия шуда бошанд, инчунин актуалии мавзӯъ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, бидуни бадбинии динӣ, нажоду миллат, тасвири баланд, забони филм ва дигар муқаррароти ҷойдошта дар санъати синамо риоя шуда бошад.

         Ҳамчунин филмҳое, ки дар ҷашнвораи  “Лолаи тиллоӣ” ба даври финалӣ роҳ меёбанд, тариқи воситаҳои ахбори омма эълон карда мешаванд. Дар баробари ин машварат ва омӯзиш оид ба муаррифии асари синамоии нав барои иштироккунандагон баргузор карда мешавад.

         Дар баробари қабул ва иштироки филмҳо, инчунин муаррифии лоиаҳои ҷадиди филмҳо дар ҳузури продюсерҳои дохиливу хориҷӣ сурат мегирад.

        Ба хотири эҳтиром ва пос доштани киноматаграфистони замони Шуравӣ ва Истиқлолият филмҳои онҳо дар бахши “понарама” намоиш дошда мешаванд.

          Ҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” имсол нахустин бор дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Чуноне ки дар  муқаррароташ омадааст, ҳадафи он “ҳавасмандгардонии беҳтарин асарҳои кинои тоҷик ва ҷиҳати тарғиби онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар” мебошад.

         Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” аз 25 –уми ноябр то 1-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Филмҳое ки дар Ҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” ширкат меварзанд, тариқи ройгон дар Кинотеатри “Ватан”  намоиш дода мешаванд.

          Ҳамчунин хоҳишмандон матавонанд нусхаи филмро бо зернависи забони  англисӣ ва дар формати MPGE ба намояндагии он дар МФ “Бохтар (Бактрия) ва МД ”Тоҷикфилм” то санаи 10-уми ноябр пешниҳод намоянд. Инчунин барои пур кардани саволнома (анкета) ба хотири иштирок дар муаррифи (ПИТЧИНГ)-и филмномаҳо ва лоиҳаи филмҳо то санаи 25-уми ноябр муайян шудааст.

           Саволнома (анкета)-ро метавонед аз саҳифаи поён дастрас намоед. 

Анкета барои довталабон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *