Фестивали филмҳои “Висла” бори ҳафтум аст, ки ба Душанбе меояд

          Кишвари Лаҳистон (Полша) дар минтақаи Аврпо аз ҷиҳати истеҳсоли филм дар радифи Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса қарор мегирад. Ҷашнвораи  “Висла” бори ҳафтум аст, ки филмҳои истеҳсолшудаи кишвари Лаҳистонро дар шаҳри Душанбе намоиш медиҳад.

          Намоиши филмҳо аз санаи 8-уми ноябр, соати 17:00  дар салони синамоии Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, воқеъ дар кучаи Беҳзоди шаҳри Душанбе шуруъ мегардад. Имсол филмофарони лаҳистонӣ барои тамошобини тоҷик беш аз  8 филми гуногунжанрро ба армуғон овардаанд. Оғози барнома бо филми «Эскадриля 303. Достони воқеӣ» шуруъ гардида, сипас филми комедии «Юлиуш» намоиш дода мешаад. Дар қатори филмҳои ҳунарӣ як филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Говҳои шиновари деҳотӣ” оварда шудааст.

          Дар рӯзҳои намоиши филмҳо бинандагони тоҷик се филми кутоҳмуддатро бо номҳои «Муштарии охирон», «Ман ҳам бароят чизе дорам» ва «Элизабет», ки кори аввалини донишҷӯёни Факултети радио ва телевизиони Донишгоҳи Силези шаҳри Катовис (Сталиногруд) мебошад, тамошо намоянд.

             Маросими пӯшидашавии “Фестивали филмҳои Висла” бо филми ҳунраии «Бахшидан» хотима меёбад.

           Фестивали филмҳои “Висла” маҷмӯи филмҳои баландро дар кишвари Лаҳистон (Полша) ба ҳам овардааст. Филмҳое ки дар 7-умин марҳилаи худ дар шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад, тоза истеҳсол шуда, дар фестивалҳои ҷаҳонӣ иштирок намудаанд.

            Маросими кушодашавӣ бо банкета оғоз гардида, ҳамаи филмҳо тариқи ройгон намоиш дода мешаванд.

 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *