“Лолаи тиллоӣ” муаррифии лоиҳаҳоро эълон медорад

           Дар заминаи баргузории Ҷашнвораи кинои миллӣ- “Лолаи тиллоӣ” санаи “муаррифии лоиҳаи филмҳо” муайян гардид. Ин ҳамоиш 30 ноябр, соати 10: 00 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ҳамоиши мазкур 8 лоиҳа пешниҳод мегардад:

  1. Лоиҳаи “Воқеияти дигар” филми ҳунарӣ, жанр – драма, инчунин  лоиҳаи “Подош” филми ҳунарӣ, жанр драма,  Раҳмон Усмонов онҳоро муаррифи менамояд.
  2. Лоиҳаи “Шабгардон” филми ҳунарӣ, жанр – ҳаҷвӣ, Гуландом Муҳаббатова онро муаррифи мекунад.
  3. Лоиҳаи “Талош”, филми ҳанарӣ, жанр – драма,  Давлатмурод Каримов онро муаррифи мекунад.
  4. Лоиҳаи “Доми парвонаҳо”, филми ҳанарӣ, жанр – драма,  Довуд Изатшоев ва Умед Шарипов онро муаррифи менамоянд.
  5. Лоиҳаи “Ширинчашма”, филми ҳуҷҷатӣ. Лоиҳаи “Ненсӣ” филми ҳунарӣ, жанр – драма, Аъзам Розиқов онҳоро муаррифи менамояд.
  6. Лоиҳаи “Гуля” филми ҳунарӣ, жанр – драма, Хуршед Расулзода онро муаррифи мекунад.
  7. Лоиҳаи “Бобо” филми кутоҳмуддат, жанр драма, Далер Имомалӣ онро муаррифӣ менамояд.
  8. Лоиҳаи “Ҷиноят ва ҷазо” филми ҳунарӣ, жанр ҳаҷвӣ,  Абдусаттор Валиев онро муаррифи менамояд.

          Иштирокчиён метавонад ба маркази фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) дар тамос шаванд.         

          Телефон барои тамос:   221 25 58.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *