Маросими пӯшидашавии Ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ”

           Маросими пӯшидашавии ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ” дар кинотолори “Зебуннисо” баргузор гардид. Дар ин ҷашнвораи синамоӣ 17 филми гуногунжанр барои дарёфти чор номинатсияи кинофестивали “Лолаи тиллоӣ” иштирок намуданд.

          Дар номинатсияи “Беҳтарин филми кутоҳметраж” ба филми “Дӯғоб” –и коргардон Зайнулобиддин Мусо барои инъикоси мавзуи хуби ишқӣ миёни зану мард дар фазои анъанвӣ дода шуд.

         Дар номинатсияи “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ” ба филми “Умар-ако” (Суғдсинамо) барои кушодани олами ботинии қаҳрамон ба Далер Имомалӣ тақдим гардид.

         Тахмина Ҳакимова бо филми  “Пудина” (Май визион) дар наминатсияи “Нахустин кори синамоӣ”  барои бозтобии шоирона ва нигоҳи мавзун ба қаҳрамони филм ҷойизаро ба даст овард.

          Коргардон-наворбардор Акмал Восидӣ ба хотири дастоварди инъикоси хислатҳо ва зебонигарияш дар филми “Аз баландии парвоз” ҷойизаи ёдоварӣ барои “нахустин кори вижаи синамоӣ” –ро соҳиб шуд.

         Ҳамчунин Ҷашнвораи “Лолаи тиллоӣ” барои саҳм ва поягузории кинои тоҷик ба равоншод Комил Ёрматов дода шуд, ки аз ҷониби ҳайати доварон ба хоҳарзодааш тақдим гардид.

          Ҷашнвораи кинои миллӣ –“Лолаи тиллоӣ” барои муаррифии лоиҳаҳо шароит фароҳам овард. То филмофарони тоҷик дар марази продюсерони хориҷӣ лоиҳаҳои хешро муаррифӣ намоянд. Дар ин бахш 8 лоиҳа барои муаррифӣ пешниҳод шуда буд, ки аз миён се лоиҳа: – “Доми парвонаҳо” аз Довуд Изатшоев ва Умед Шарипов, “Гуля” аз Хуршед Расулзода ва “Бобо” аз Далер Имомалӣ бо “сертификат”-и Ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ” шарафёб гардиданд.

          Дар толори синамоии МД “Тоҷикфилм” бахши “Панарамаи синамои тоҷик” филмҳои «Падари маҳтобӣ» (1999) коргардон: Бахтиёр Худоназаров, «Сафари ҳавоӣ» (2018) коргардон: Далер Раҳматов, «Духтарон аз Суғдиён» (1987) коргардон: Муқаддас Маҳмудов. «Қисмати шоир» (1959) коргародон: Борис Кимягаров. «Дӯздидани 7 домод» (1976) коргардон: Суват Ҳамидов, «Марги судхур» (1966) коргардон: Тоҳир Собиров ва «Қиёми рӯз» (2009) коргардон: Носир Саидов намоиш дода шуданд.

         Ҳамин тариқ, маросими “Ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ” ихтитом ёфт.

Аксҳо аз ҷараёни маросими ҷашнвора

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *