Суханрониҳо ва хабарҳои Президент

Суханрогиҳои ва паёмҳои Президент

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувон ва духтарони азиз! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар …

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар Read More »

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд. Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати …

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Read More »

Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан! Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошанд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат мардуми сарбаланди мамлакат, тамоми …

Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Read More »

Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ

20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд. Дар мулоқот роҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, кормандони эҷодию техникии телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, ҳафтаномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони хадамотҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва …

Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ Read More »

Табрикот ба муносибати Соли нави мелодии 2019

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям. Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду …

Табрикот ба муносибати Соли нави мелодии 2019 Read More »

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, …

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Read More »

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар ноҳияи Рӯдакӣ

Омӯзгорону шогирдони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Як сол пеш ҳангоми ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ зикр карда будам, ки минбаъд дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи деҳаи Гулбутта ва дигар деҳаҳои ноҳия бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи хонандагон норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ба вуҷуд меояд. …

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар ноҳияи Рӯдакӣ Read More »