МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКФИЛМ

Муассисаи давлатии Тоҷикфилм аз ибтидои соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Оинома ба роҳ монда, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино талош намуд.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми декабри соли 2017 таҳти №598 бо 312 воҳиди корӣтаъсис ёфта, тибқи маълумоти таҳлилии корӣ то 31-уми октябри соли 2018 – 274 нафар  бо ҷои кори доимӣ тамин карда шуданд.
Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе инчунин дар минтақаи Рашт раёсатҳои истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ таъсис дода шуда, ин раёсатҳо бо воситаҳои  техникӣ,  аз  ҷумла  компютер, дасгоҳи кинонамоишдиҳӣ    (кинопроектор)  ва дастгоҳҳои пахши овоз таъмин карда шуданд.
Дар асоси «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ибтидои соли равон филмҳои мустанади «Сада – ҷашни ниёгон», «Мерос» бахшида ба ҳайёт ва фаъолияти Зиёдулло Шаҳидӣ, «Шоми дӯстӣ» бахшида ба барқароршавии робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, «Дар боли суруд» бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, «Ошёни Нур» бахшида ба корнамоиҳои сохтмончиёни НОБ – и Роғун ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сохтмони аср, «Ҳадяи осмонӣ» доир ба оши палав ҳамчун шоҳи таомҳо ва аз ҷониби раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадињӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ дар вилояти Хатлон филми мустанади  «Бохтар аз Бостон то Бӯстон», «Бобоҷон Азиз» таҳия карда шуданд.
Дар ҳамин давра 6 филми кӯтоҳи бадеӣ аз ҷумла: «Таксӣ»- коргардон ва таҳягар Файзулло Файзов», «Дуғоб», – аз рӯи асри ҳамноми нависандаи халқии Тоҷикисон Сорбон, коргардон ва таҳягар Зайнулобиддини Мӯсо, «Талош» – коргардони таҳягар Соҳибёри Толиб, « Кемерово» – коргардон таҳягар Фирдавс Ниёзов, «Язғулом» (филми муштарак бо кинематографистони Канада), филми ҳунарии «Риё» – коргардони таҳягар» Музаффар Шодиев рўи навор оварда шудаанд, ки филми «Талош» ва филми пурраи ҳунарии «Хело ҳам одами эҳтиёткор» маҳсули эҷоди ҷавонони коромӯзи шуъбаи «Дебют» -и муассиса мебошад.
Айни замон наворбардоии ду филми пурраи бадеӣ: «Рақси зиндагӣ» – филмномаи Сафар Ҳақдодов, коргардон ва таҳягар  Муҳаббат Сатторӣ ва «Парад женехов»- (Сафари домодҳо ё Роҳпаймоии домодҳо) филми мазҳакавӣ аз рўи асри Темур Зулфиқоров, коргардон таҳягар Руми Шоазимов ба анҷом расонида шуда, танзим ва банду бастти филмҳо идома дорад. Наворбардоии филми кутоҳи ҳунарии «Бункер» – коргардон Диловар Султонї  низ пурра ба анҷом расид.
Ҳамчунин соли равон таҳяи қисми якуми филми аниматсионии «Алифбо» дар варинати 3D ба анҷом расида, таҳяи қисми дуюми он оғоз карда шуд.
Филмҳои «Язғулом», «Хело ҳам одами эҳтиёткор», «Риё» ва «Бункер» дар ин росто филми аниматсионии «Алифбо», филмҳои мустанади «Сада- ҷашни ниёгон», «Ҳадяи Осмонӣ»  аз ҳисоби даромадҳои иловагии муассиса таҳия карда шудаанд.
Дар ин давра филми ҳунарии «Хоби ҳамдуна» ва 5 филми аниматсионии истеҳсоли Белорусия ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд.
Бо саъю талошҳои кормандони Муассисаи давлати «Тоҷикфилм» соли равон ҳафтаи кинои Лаҳистон «Висла – 6», ҳафтаи кинои Россия, рӯзҳои кинои Озарбойҷон, рӯзҳои кинои Фаронса дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Моҳи сентябри соли равон Меморандуми ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи кинематография миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» ба тасвиб расонида шуд.
Бо мақсади таъмини шароити мусоиди корӣ кормандони муассиса ва раёсатҳои он дар доираи «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022» кондитсионер, телевизорҳо, ДВД, миз ва курсиҳои идоравӣ, ҷевонҳои китобмонӣ, яхдон, принтер, компютер, дастгоҳи кинонамоишдиӣ, ноотбук ва ғайраҳо харидорӣ карда шудаанд.
Дар ин давра, корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими биноҳои муассиса дар масоҳати 2200 метри мураббаъ, рангубори бинои кинотеатри «Ватан» дар масоҳати 380 метри мураббаъ ба анҷом расонида шуд. Боми бинои Сарраёсати техникӣ ва истеҳсол ифилмҳо дар масоҳати 310 метри мураббаъ болопўш карда шуда, гирду атрофи муассиса дар масоҳати 126 метр бо панҷараҳои оҳании декоративӣ  маҳкам карда шуд.
Дар доираи «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2108-2022»  таъмиру рангубори кинотеатри «Орлёнок» воқеъ дар кўчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Душанбе оғоз карда шуд.
Дар ихтиёри Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  22 адад нақлиёт мавҷуд буда, 11 адади он дар  ҳолати корӣ мебошад. Соли ҷорӣ ҳамаи нақлиёти  корхона бо қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таъмин  карда шуданд.
Дар мавсими баҳору тобистон соли равон дар ҳудуди муассиса 5000 бех гулҳои мавсимӣ, 175 адад дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шуда, бо мақсади пешгирӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор  таҷњизоти аввалиндараҷаи пешгирӣ, харидорӣ карда шуд.
Аз ҷониби раёсати муассиса дар вилояти Хатлон 161 адад Гувоҳномаи бақайдгирӣ, фурӯши фиттаҳо ва бозиҳои компютерӣ, зиёда аз 70 дастгоҳи наворбардорӣ, 3 адад гувоҳномаи нусхабардорӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи Душанбе ва ноҳияҳои тобеъ 221 адад гувоҳномаи бақайдгирӣ фуруши фиттаҳо ва бозиҳои компютерӣ, 4 адад дастгоҳи наворбардорӣ, 7 адад гувоҳномаи бақайдгирии  нусхабардорӣ, 4 адад иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи намоиши оммавии кино ба соҳибкорон дода шуда, 19 адад филмҳои истеҳсоли хориҷи кишвар ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Аз ҷониби Раёсати муассиса дар вилояти Суғд 6 адад гувоҳномаи нусхабардорӣ, 10 адад бозиҳои компютерї, 12 адад дастгоҳи наворбардорӣ ва 70 адад нуқтаҳои фуруши маводҳои  авдиовизуалӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмўъ Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2018 тамоми  уҳдадориҳои оинномавии худро дар амал татбиқ намуда, барои соли 2019 нақшаҳои эҷодиро тасдиқ намуда, мувофиқи нақша чорабиниҳо фаъолияти худро ба роҳ хоҳад монд.

  1. Фестивали филмҳои Лаҳистон  «Висла-6».
  2. Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар.
  3. Ҳафтаи кинои Фаронса.
  4. Фестивали байналмилалии «Дидор». (дар ҳамкорї бо Иттифоқи синамогарон).
  5. Иштирок дар фестивали кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории «Шанхай». (Филми ҳунарии «Сафари ҳавоӣ» соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид).
  6. Фестивали филмҳои кутоҳ «Навсоз».
  7. Баргузории ҳафтаи филмҳои Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.

Дар ташаккулёбии санъати кинои миллӣ Гулмирзо Баҳор роли калон бозидааст. Баҳор нахустин шуда дар дар тасмаи кино чеҳраҳои ба мо арзишмандро чун устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  сабт намудааст. Дар солҳои ҷанг ба Сталинобод киностудияи Москва «Союздетфилм» кўчонида шуд. Ҳамроҳи он кинематографистони машҳури Россия низ омаданд, ки курсҳои такмили ихтисосро ҳам барои кормандони техникӣ ва ҳам барои ҳайати эҷодӣ таъсис намуданд. Ин дар натиҷа нақши муассир ҳам барои офаридани филҳои мустанад ва  барои барқарор намудани истеҳсоли филмҳои ҳунарию бадеии киностудияи Сталинобод гузошт.
Шурўъ аз нимаи дуюми солҳои 50-ум дар киностудияи тоҷик ҳамасола 3-4 филмҳои ҳунарӣ дар мавзўъ ва жанрҳои гуногун истеҳсол мешуд. «Мақоми олӣ» (коргардон Б. Кимягаров, 1958), «Шўълае дар кўҳсор» (коргардон Б. Далинов, 1958), драмаи мусиқавӣ «Ман бо духтаре во хўрадам» (коргардон Р. Перелштейн, 1957), «Писарро бояд зан дод» (коргардон Т. Собиров, 1959), «Зумрад» (коргардон А. Раҳимов, А. Давидсон, 1962). Мавзўи таърихӣ-инқилобӣ дар филми дусериягии «Одам пўсташро иваз мекунад» (коргардон Р. Перелштейн, 1959)   ба навор гирифта шуд. Инчунин филмҳои зерин: детектив «Амалиёти Кобра» (коргардон Д. Василев, 1960), филм-балет «Лайлӣ ва Маҷнун» (коргардон Т. Березантсева, Г. Валамат-зода, 1960), мазҳака «Насриддин дар Хўҷанд» (фимноманавис ва коргардон А. Бекназаров, 1959); дар мавзўи таърихи қадим- «Қисмати шоир» (коргардон Б. Кимягаров,   «Ливои оҳангар» (коргардон Б. Кимягаров аз рўи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, 1961) ба навор гирифта шуданд. Филми қисмати шоир»  Гран Прии Кинофестивали Байналхалқӣ дар Қоҳира, 1959)- ро сазовор гардид.

Солҳои 80-90-ум ба кинои тоҷик насли нав рўи кор омад, ки бо худ арзишҳои нав, дидгоҳи тоза ва мавзўҳои ҷадидро оварданд.

Дар киностудияи «Тоҷикфилм» филмҳои бадеии зерин ба навор гирифта шуданд:

«Контрольная полоса» (коргардон Юсуф Азизбаев)

«Вохўрӣ дар дараи марг» (коргардон Тоҳир Собиров)

«Ҷинояткор ва адвокатҳо» (коргардон Юнус Юсупов)

«Бросок» (коргардон Анвар Тураев) Ҷоизаи қушуни сарҳадии ИҶШС дар 15-умин кинофестивали умумишўроӣ дар Талин, соли 1982.

«В талом снеге звон ручья», ҷоизаи вижаи «Память» (Хоира) дар 16-умин кинофестивали умумишўроӣ дар Ленинград, соли 1983.

«Время зимних туманов» (коргардон Бақо Содиқов), филми дусерягӣ

«Шодмон бингар» (коргардон Марат Орипов)

«Асир» (коргардон Юнус Юсупов), дипломи кинофестивали мамолики Осиё, Афириқо ва Америкаи Лотинӣ дар Тошканд соли 1984.

«Асрори оилавӣ» (коргардон В. Аҳадов), ҷоиза барои беҳтарин коргардонӣ дар дидор- озмуни кинематографистони ҷавон дар шаҳри Кишинёв (1984 с.)

«Саргузашти Муки хурдакак» (коргардон Е. Кимягарова), ҷоиза барои мавзўҳои кўдакона дар кинофестивали «Зори Алатау»-и Қирғизистон (1984 с.)

«Ва боз як шаби Шаҳризода» (коргардон Тоҳир Собиров). Нахустин филми стереофонетикӣ дар формати васеъ дар таърихи кинои тоҷик мебошад. Ҷоизаи «Золотой меч» (Шамшери тилоӣ) дар кинофестивали байналхалқии шаҳри Димишқ (1985 с.).  Ҷоиза ва диплом барои беҳтарин кори коргардонӣ, ҷиҳати таҷассуми беҳтарин мавзўъ, барои иҷрои беҳтарин нақши занона дар иҷрои ҳунарпеша Л. Белогурова ва барои беҳтарин нақши  мардона ба ҳунарманд Ал-Ҳадад дар фестивали умумишўроӣ дар Вилнюс (1985 с.)  Ҷоизаи нахустин ба ҳайати эҷодкорони филм ва ҷоиза барои беҳтарин иҷрои нақши мардона дар кинофестивали шаҳри Душанбе.

Ба мо занг занед:

+992 (37) 227 17 87
+992 (37) 221 70 31

Суроға:

ҶТ. ш. Душанбе
к. Беҳзод 25. 734000

Ба мо нома фиристед:

tajikfilm@gmail.com
karimov_firdavs@mail.ru