ҲИСОБОТ

Ҳисобот оид ба фаъолияти шўъбаи кадрҳо ва коргузорӣ дар соли 2018

          Шуъбаи кадрҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар амалӣ намудани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иҷрои фармоишҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мунтазам чораҳои бетаъхир ва дар муҳлатҳои муайянгардида саҳм мегузорад.
          Тибқи маълумоти таҳлилии кадрӣ то 31 декабри соли 2018 дар    Муассиса   2 сарраёсат 5-раёсат бо 312  басти корӣ мавҷуд буда, аз ин 280 ҷой банд  ва 32  ҷойи кории холӣ мавҷуд мебошад.
          Аз ин шумора 213 нафарро мардон ва 67  нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла,  12 нафар занон дар ҳайати  роҳбарикунанда фаъолият доранд.
         Аз  шумораи умумии кормандон  150  нафар дорои маълумоти  олии касбӣ, 90 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ, 6  нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 40 нафар дорои маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар Сарраёсат оид ба паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводҳои аудиовизуалӣ 22 воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 21 ҷойи корӣ банд ва 1 ҷойи холӣ мавҷуд мебошад.
         Дар Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводҳои аудиовизуалӣ дар шаҳри Душанбе 22 воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 22 ҷойи корӣ банд мебошад.
          Дар Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводҳои аудиовизуалӣ дар вилояти Хатлон – 28 воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 28 ҷойи корӣ банд мебошад.
          Дар Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводҳои аудиовизуалӣ дар вилояти Суғд – 28 воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 25 ҷойи корӣ банд ва 3 ҷойи корӣ холӣ мебошад.
           Дар Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводҳои аудиовизуалӣ дар ВМКБ – 25 воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 19 ҷойи корӣ банд ва 6 ҷойи корӣ холӣ мебошад.
          Дар кинотеатри «Ватан»  6  воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 6 ҷойи корӣ банд мебошад.
          Дар кинотеатри «Зебуниссо»  6  воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 6 ҷойи корӣ банд мебошад.
          Дар кинотеатри «Орлёнок» 6  воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин 4 ҷойи корӣ банд ва 2 ҷойи корӣ холӣ мебошад.

Ба мо занг занед:

+992 (37) 227 17 87
+992 (37) 221 70 31

Суроға:

ҶТ. ш. Душанбе
к. Беҳзод 25. 734000

Ба мо нома фиристед:

info@tojikfilm.tj