a.png

Поиск

An Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image Slideshow 
spinner
Новости

Select a news topic from the list below, then select a news article to read.

Дар соли 2017  мувофиқи нақша наворбардории филмҳои кўтоҳи ҳунарии «Бархурд» ва «Таксӣ» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра ба анҷом расонида шуда, айни замон танзим ва банду басти садо идома дорад.

Ҳамзамон дар асоси шартномаи тарафайн бо Комиссияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар доираи Лоиҳаи байналмилалии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи Мероси ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷик наворбардории филмҳои мустанади «Нақшхонӣ», «Зардўзӣ», «Рақсҳои анъанавӣ», «Сўзанидўзӣ», «Лабчанг», «Миниатюра» ва «Абрбандӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон,  ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ пурра ба анҷом расонида шуд.

Бахшида ба бистумин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ филми мустанади «Ваҳдат-эҳёи миллат» вабахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустнади «Синамо дар даврони истиқлолият»  таҳия гардида, тариқи Шабакаи «Тоҷикистон» манзури бинандагон гардонида шуданд. Таҳияи филми мустанади  «Эҳёи ватандорӣ»  бахшида ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон идома дорад.

Бо мақсади таъмини завқи тамошобинони хурдсол бо филмҳои аниматсионии истеҳсоли ватанӣ таҳияи филми нави аниматсионии «Кўҳистонӣ» дар варианти 3D ба анҷом расонида шуд, ки нахустнамоиши он рўзҳои наздик дар назар дошта шудааст.

Бахшида ба рўзи кинои тоҷик, филми мустанад «Кино дар давраи Истиқлолият» омодагардида аз шабакаҳо давлати пеш ниҷод гардида шуд.

 

Наворбардорӣ ва таҳияи филмҳои баедии «Бархез модар» коргардон Зокиров Абдулҳай, «Нолаи танбур»- и Аниса Собирова идома дода шуд.

 

Роҳбарияти мамлакат дар самти рушди санъати миллӣ ва алахусус кинои тоҷик аҳамияти зиёд медиҳад. Ва бо ҳамин мақсад соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ доир ба рушди кинематография таъсис дода шуд.

Ин буд, ки бо ташаббуси Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” бо мақсади дарёфти филмномаҳои дорои мавзӯъи ҷолибу замонавӣ моҳи майи соли равон мулоқоти кормандон бо адибони шинохтаи мамлакат баргузор гардид, ки дар он мавзўи филмномаҳои баррасӣ гардиданд. Дар оянда низ  чунин вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таъсиси сохтори алоҳида –Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, аз ҷониби мутахассисони Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” ҳуҷҷатгузории зарурӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои мамлакат пурра ба анҷом расонида шуда барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар сурати мустақил будани муассиса замина барои рушду нумӯъи соҳаи кино фароҳам меояд ва ин омил ба таҳияи филмҳои рақобатпазир, рушди робитаҳои байналмиллалӣ ва омода намудани мутахассисони баландпоя ҳатман мусоидат хоҳад кард.

Филмҳои “Оинаи беҷило”, “Муаллим”, “Гунҷишки сафед”, “Хоби ҳамдуна” дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла: Ҷумҳурии Куриё, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Австрия, Росия дар фестивалҳои байналмиллалӣ соҳиби ҷоизаҳо ва ҳатто Шоҳҷоиза гардиданд. Имруз филми “Хоби ҳамдуна” метавонад озод дар сатҳи байналмилаллӣ бо дигар филмҳо рақобат намояд.

Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 мактаби Киноматографи ҷавон таъсис дода шуд. Дар асоси озмун 18 нафар довталаб ба омӯзиши асосҳои киноматографияи миллӣ ҷалб карда шуданд. Пас аз 5 моҳи таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба 14 нафар мутахассиси ҷавон оид ба хатми Мактаби киноматографи ҷавон сертификат супорида шуд.

Барои таълимомӯзӣ дар ин мактаб устодони варзидаи соҳаи кино Ҷамшед Раҳматов, Георгий Дзалаев, Саъдулло Раҳимов, Валерий Аҳадов (Росия) ва дигарон ҷалб карда шуданд, ки нозукиҳои касби синамофариро ба шогирдон омӯзониданд. Дар анҷоми таҳсил шогирдони Мактаби киноматографи ҷавон, мустақилона 2 филми кӯтоҳи ҳунариро ба навор гирифтанд.

Киностудияи  давлатии “Тоҷикфилм” дар доираи амалӣ гаштани Барномаи “Рушди кинои тоҷик барои солҳои 2011-2015 технологияи навтарини филмбардории муосирро ворид намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати наворбардории филмҳо ҷавобгӯ мебошад. Дар доираи Барномаи “Рушди кинои тоҷик барои солҳои 2011-2015 зиёда аз 50 филми бадеӣ, силсилафилмҳо, филмҳои аниматсионӣ ва мустанад офарида шуд.

Дар соли 2017 Киностудияи  давлатии “Тоҷикфилм” наворбардорӣ ва таҳияи филмҳои кӯтоҳи “Бархӯрд”, “Такси” ва филми ҳунарии “Олим”-ро ба нақша гирифтааст. Аз ибтидои соли равон дар мавзӯъҳои гуногун Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” 9 филми мустанад ва 1 филми аниматсиониро таҳия намуд.

 

 

Киностудия "Таджикфильм" теперь и в социальных сетях таких как Одноклассники, Facebook, Twitter. Также смотрите нас на каналах сайтов Topvideo и Youtube.

 

Наворбардории силсилафилми  хунарии «Як чахон аз ману ту» (коргардон Мухаббат Саттори ) ба пураги ба анчом расид. Рузхои наздик манзури бинандагони шахру навохии чумхури мегардад.