a.png

Поиск

An Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image Slideshow 
spinner

 

Марат Орипов спустя 22 года вновь снялся в кино - новом фильме «Муаллим»

Нахустнамоиши филми «Муаллим» дирӯз дар Кохи Ҷомӣ ба намоиш гузошта шуд.

Филми мазкурро коргардони маъруф Носир Саидов аз ҳаёти омӯзгорон дар солҳои мушкили 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон таҳия намудааст.

Нақшҳои асосиро дар филм ҳунарманди Эрон Маҳноз Афшор ва Марат Орипов, ҳунарманди маъруфи тоҷик офаридаанд.Гуфта мешавад, ки филми мазкур аз рӯи сенарияи Сафар Ҳақдодов ва  киностудияи “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шуда, ба он сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров оҳанг бастааст.

Марат Орипов, ҳунарманд ва коргардони маъруфи тоҷик баъди беш аз 20 соли бознишастагӣ, ниҳоят дар филми «Муаллим»-и коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов рӯйи саҳна омад.

Мавриди зикр аст, ки Марат Орипов дар зиёда аз 25 филм аз ҷумла дар филми “Қисмати шоир”, нақши Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дар филми “Ибни Сино” нақши Абуалӣ ибни Синоро офаридааст.

Ӯ ҳамчунин дар баробари образҳои Одамушшуаро ва Абуалӣ Сино ҳамчунин бо нақши Аҳриман дар филми “Коваи оҳангар” маъруфият касб кардааст.

Источник: Pressa.tj

Add comment


Security code
Refresh