МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКФИЛМ

Муассисаи давлатии Тоҷикфилм аз ибтидои соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Оинома ба роҳ монда, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино талош намуд.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми декабри соли 2017 таҳти №598 бо 312 воҳиди корӣтаъсис ёфта, тибқи маълумоти таҳлилии корӣ то 31-уми октябри соли 2018 – 274 нафар  бо ҷои кори доимӣ тамин карда шуданд.

Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе инчунин дар минтақаи Рашт раёсатҳои истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ таъсис дода шуда, ин раёсатҳо бо воситаҳои  техникӣ,  аз  ҷумла  компютер, дасгоҳи кинонамоишдиҳӣ    (кинопроектор)  ва дастгоҳҳои пахши овоз таъмин карда шуданд.

      Дар асоси «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ибтидои соли равон филмҳои мустанади «Сада — ҷашни ниёгон», «Мерос» бахшида ба ҳайёт ва фаъолияти Зиёдулло Шаҳидӣ, «Шоми дӯстӣ» бахшида ба барқароршавии робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, «Дар боли суруд» бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, «Ошёни Нур» бахшида ба корнамоиҳои сохтмончиёни НОБ – и Роғун ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сохтмони аср, «Ҳадяи осмонӣ» доир ба оши палав ҳамчун шоҳи таомҳо ва аз ҷониби раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадињӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ дар вилояти Хатлон филми мустанади  «Бохтар аз Бостон то Бӯстон», «Бобоҷон Азиз» таҳия карда шуданд.

    Дар ҳамин давра 6 филми кӯтоҳи бадеӣ аз ҷумла: «Таксӣ»- коргардон ва таҳягар Файзулло Файзов», «Дуғоб», — аз рӯи асри ҳамноми нависандаи халқии Тоҷикисон Сорбон, коргардон ва таҳягар Зайнулобиддини Мӯсо, «Талош» — коргардони таҳягар Соҳибёри Толиб, « Кемерово» — коргардон таҳягар Фирдавс Ниёзов, «Язғулом» (филми муштарак бо кинематографистони Канада), филми ҳунарии «Риё» — коргардони таҳягар» Музаффар Шодиев рўи навор оварда шудаанд, ки филми «Талош» ва филми пурраи ҳунарии «Хело ҳам одами эҳтиёткор» маҳсули эҷоди ҷавонони коромӯзи шуъбаи «Дебют» -и муассиса мебошад.

     Айни замон наворбардоии ду филми пурраи бадеӣ: «Рақси зиндагӣ» — филмномаи Сафар Ҳақдодов, коргардон ва таҳягар  Муҳаббат Сатторӣ ва «Парад женехов»- (Сафари домодҳо ё Роҳпаймоии домодҳо) филми мазҳакавӣ аз рўи асри Темур Зулфиқоров, коргардон таҳягар Руми Шоазимов ба анљом расонида шуда, танзим ва банду бастти филмњо идома дорад. Наворбардоии филми кўтоњи њунарии «Бункер» — коргардон Диловар Султонї  низ пурра ба анљом расид.

Њамчунин соли равон тањяти ќисми якуми филми аниматсионии «Алифбо» дар варинати 3D ба анљом расида, тањяи ќисми дуюми он оѓоз карда шуд.

Филмњои «Язѓулом», «Хелоњам одами эњтиёткор», «Риё»,  ва «Бункер» ва филми аниматсионии «Алифбо», филмњои мустанади «Сада- љашни ниёгон», «Њадяи Осмонї»  аз њисоби даромадњои иловагии муассиса тањия карда шудаанд.

Дар ин давра филми њунарии «Хоби њамдуна» ва 5 филми аниматсионии истењсоли Белорусия ба забони тољикї баргардонида шуданд.

Бо саъю талошњои кормандони Муассисаи давлати «Тољикфилм» соли равон њафтаи кинои Лањистон «Висла – 6», њафтаи кинои Россия, рўзњои кинои Озарбойљон, рўзњои кинои Фаронса дар шањри Душанбе дар сатњи баланд баргузор карда шуд.

Моњи сентябри соли равон Меморандуми њамкории Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Узбекистон дар соњаи кинематография миёни Муассисаи давлатии «Тољикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» ба тасвиб расонида шуд.

Бо маќсади таъмини шароити мусоиди кори кормандони муассиса ва райёсатњои он дар доираи «Барномаи рушди кинои тољик барои солњои 2018-2022» кондиционер, телевизорњо, ДВД, миз ва курсињои идоравї, љевонњои китобмонї, яхдон, принтер, компютер, дастгоњи кинонамоишдињї, ноотбук ва ѓайрањо харидорї карда шудаанд.

Дар ин давра корњои ободонї ва таъмиру тармими биноњои муассиса дар масоњати 2200 метри мураббаъ, рангубори бинои кинотеатри «Ватан» дар масоњати 380 метри мураббаъ ба анљом расонида шуд. Боми бинои Сарраёсати техникї ва истењсол ифилмњо дар масоњати 310 метри мураббаъ болопўш карда шуда, гирду атрофи муассиса дар масоњати 126 метр бо панљарањои оњании декоративї  мањкам карда шуд.

Дар доираи «Барномаи рушди кинои тољик барои солњои 2108-2022»  таъмиру рангубори кинотетри «Орлёнок» воќеъ дар кўчаи Камоли Хуљандии шањри Душанбе оѓоз карда шуд.

Дар ихтиёри Муассисаи давлатии «Тољикфилм»  22 адад наќлиёт мављуд буда, 11 адади он дар  њолати корї мебошад. Соли љорї њамаи наќлиёти кошоями корхона бо ќисмњои эњтиётї, сўзишворї ва равѓанњои молиданї таъмин  карда шуданд.

Дар мавсими бањору тобистон соли равон дар њудуди муассиса 5000 бех гулњои мавсимї, 175 адад дарахтони мевадињанда ва њамешасабз шинонида шуда, бо маќсади пешгирї ва бехатарї аз сўхтор  таљњизоти аввалиндараљаи пешгирї, харидорї карда шуд.

Аз љониби раёсати муассиса дар вилояти Хатлон 161 адад Гувоњномаи баќайдгирї фурўши фиттањо ва бозињои компютерї, зиёда аз 70 дастгоњи наворбардорї, 3 адад гувоњномаи нусхабардорї, дар шањру ноњияњои тобеи Душанбе ва ноњияњои тобеъ 221 адад гувоњномаи баќайдгирї фуруши фиттањо ва бозињои компютерї, 4 адад дастгоњи наворбардорї, 7 адад гувоњномаи баќайдгирии  нусхабардорї, 4 адад иљозатномадињї барои фаъолият дар соњаи намоиши оммавии киноба соњибкорон дода шуда, 19 адад филмњои истењсоли хориљи кишвар ба кайди давлатї гирифта шуд.

Аз љониби Раёсати муассиса дар вилояти Суѓд 6 адад гувоњномаи нусхабардорї, 10 адад бозињои компютерї, 12 адад дастгоњи наворбардорї ва 70 адад нуќтањои фурўши маводњои  авдиовизуалї ба кайд гирифта шудааст.

Дар маљмўъ Муассисаи давлатии «Тољикфилм» дар соли 2018 тамоми  ўњдадорињои оинномавии худро дар амал татбиќ намуда, барои соли 2019 наќшањои эљодиро тасдиќ намуда, мувофиќи наќша чорабинињо фаъолияти худро ба роњ хоњад монд.

  1. Фестивали филмњои Лањистон  «Висла-6».
  2. Рўзњои кинои Љумњурии Узбекистон дар шањрњои Душанбе ва Бохтар.
  3. Њафтаи кинои Фаронса.
  4. Фестивали байналмилалии «Дидор». (дар њамкорї бо Иттифоќи синамогарон).
  5. Иштирок дар фестивали кишварњои аъзои созмони «Шанхай». (Филми њунарии «Сафари њавої» соњиби љоизаи махсуси њакамон гардид).
  6. Фестивали филмњои кўтоњ «Навсоз».
  7. Баргузории њафтаи филмњои Федератсияи Россия дар якљоягї бо Иттифоќи синамогарони Тољикистон.

Дар ташаккулёбии санъати кинои миллӣ Гулмирзо Баҳор роли калон бозидааст. Баҳор нахустин шуда дар дар тасмаи кино чеҳраҳои ба мо арзишмандро чун устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  сабт намудааст. Дар солҳои ҷанг ба Сталинобод киностудияи Москва «Союздетфилм» кўчонида шуд. Ҳамроҳи он кинематографистони машҳури Россия низ омаданд, ки курсҳои такмили ихтисосро ҳам барои кормандони техникӣ ва ҳам барои ҳайати эҷодӣ таъсис намуданд. Ин дар натиҷа нақши муассир ҳам барои офаридани филҳои мустанад ва  барои барқарор намудани истеҳсоли филмҳои ҳунарию бадеии киностудияи Сталинобод гузошт.

Шурўъ аз нимаи дуюми солҳои 50-ум дар киностудияи тоҷик ҳамасола 3-4 филмҳои ҳунарӣ дар мавзўъ ва жанрҳои гуногун истеҳсол мешуд. «Мақоми олӣ» (коргардон Б. Кимягаров, 1958), «Шўълае дар кўҳсор» (коргардон Б. Далинов, 1958), драмаи мусиқавӣ «Ман бо духтаре во хўрадам» (коргардон Р. Перелштейн, 1957), «Писарро бояд зан дод» (коргардон Т. Собиров, 1959), «Зумрад» (коргардон А. Раҳимов, А. Давидсон, 1962). Мавзўи таърихӣ-инқилобӣ дар филми дусериягии «Одам пўсташро иваз мекунад» (коргардон Р. Перелштейн, 1959)   ба навор гирифта шуд. Инчунин филмҳои зерин: детектив «Амалиёти Кобра» (коргардон Д. Василев, 1960), филм-балет «Лайлӣ ва Маҷнун» (коргардон Т. Березантсева, Г. Валамат-зода, 1960), мазҳака «Насриддин дар Хўҷанд» (фимноманавис ва коргардон А. Бекназаров, 1959); дар мавзўи таърихи қадим- «Қисмати шоир» (коргардон Б. Кимягаров,   «Ливои оҳангар» (коргардон Б. Кимягаров аз рўи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, 1961) ба навор гирифта шуданд. Филми қисмати шоир»  Гран Прии Кинофестивали Байналхалқӣ дар Қоҳира, 1959)- ро сазовор гардид.

Солҳои 80-90-ум ба кинои тоҷик насли нав рўи кор омад, ки бо худ арзишҳои нав, дидгоҳи тоза ва мавзўҳои ҷадидро оварданд.

Дар киностудияи «Тоҷикфилм» филмҳои бадеии зерин ба навор гирифта шуданд:

«Контрольная полоса» (коргардон Юсуф Азизбаев)

«Вохўрӣ дар дараи марг» (коргардон Тоҳир Собиров)

«Ҷинояткор ва адвокатҳо» (коргардон Юнус Юсупов)

«Бросок» (коргардон Анвар Тураев) Ҷоизаи қушуни сарҳадии ИҶШС дар 15-умин кинофестивали умумишўроӣ дар Талин, соли 1982.

«В талом снеге звон ручья», ҷоизаи вижаи «Память» (Хоира) дар 16-умин кинофестивали умумишўроӣ дар Ленинград, соли 1983.

«Время зимних туманов» (коргардон Бақо Содиқов), филми дусерягӣ

«Шодмон бингар» (коргардон Марат Орипов)

«Асир» (коргардон Юнус Юсупов), дипломи кинофестивали мамолики Осиё, Афириқо ва Америкаи Лотинӣ дар Тошканд соли 1984.

«Асрори оилавӣ» (коргардон В. Аҳадов), ҷоиза барои беҳтарин коргардонӣ дар дидор- озмуни кинематографистони ҷавон дар шаҳри Кишинёв (1984 с.)

«Саргузашти Муки хурдакак» (коргардон Е. Кимягарова), ҷоиза барои мавзўҳои кўдакона дар кинофестивали «Зори Алатау»-и Қирғизистон (1984 с.)

«Ва боз як шаби Шаҳризода» (коргардон Тоҳир Собиров). Нахустин филми стереофонетикӣ дар формати васеъ дар таърихи кинои тоҷик мебошад. Ҷоизаи «Золотой меч» (Шамшери тилоӣ) дар кинофестивали байналхалқии шаҳри Димишқ (1985 с.).  Ҷоиза ва диплом барои беҳтарин кори коргардонӣ, ҷиҳати таҷассуми беҳтарин мавзўъ, барои иҷрои беҳтарин нақши занона дар иҷрои ҳунарпеша Л. Белогурова ва барои беҳтарин нақши  мардона ба ҳунарманд Ал-Ҳадад дар фестивали умумишўроӣ дар Вилнюс (1985 с.)  Ҷоизаи нахустин ба ҳайати эҷодкорони филм ва ҷоиза барои беҳтарин иҷрои нақши мардона дар кинофестивали шаҳри Душанбе.

Ба мо занг занед:

+992 (37) 227 17 87
+992 (37) 221 70 31

Суроға:

ҶТ. ш. Душанбе
к. Беҳзод 25. 734000

Ба мо нома фиристед:

info@tojikfilm.tj