От А до Я

          Гуруҳи эҷодии Шуъбаи филмҳои тасвирӣ (аниматсионӣ) — и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мақсад доранд,  доир ба ҳарфҳои Алифбо филми тасвирӣ биофаранд. Аллакай филми тасвирии ҳарфи “А” истеҳсол шуда, кор болои ҳарфи “О” ҷараён дорад. Аз расмкашӣ то коркарди садо ва дигар  хурдаҳо дар таҳияи филм ду моҳ тул мекашад. Айни замон саҳнаҳои охири ҳарфи “О” дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад. Муаллифи филмнома Азизи Азиз нависандаи асарҳои кудакона буда, Насруллозода Фирдавс коргардони лоиҳаи мазкур мебошад. Тарроҳи 3D Ашуров Саид, аниматсоз Бобоев Хуршед буда, Шамсуллоева Фарангис, Каримов Акмал ва Юсуфов Амирхуҷа саҳмгузор мебошанд.
          Кормандони шуъбаи мазкур филмҳои аниматсионии  “Ҳамсояҳо” иборат аз се қисмат ва “Деви мевахур” – ро таҳия намуданд, ки дар Синамобазми байналмиллалии “Дидор” иштирок намуданд.
          Гуруҳи эҷодӣ тасмим гирифтаанд, ки то охирҳои соли 2019 шаш ҳарфи Алифборо ба тасвир кашанд. Маҷмуаи аниматсионии ҳарфҳо барои кудакони то мактабӣ дар назар буда, ба ин васила баҳри рушди синамои миллӣ мусоидат менамояд.

Оставьте комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *