ТАЪРИХИ
ТОҶИКФИЛМ

Киностудияи касбии «Тоҷиккино» соли 1930 таъсис ёфтааст.  Кинои тоҷик тадриҷан ба як ҷузъи ҳаёти фарҳангии мардум мубаддал гардид. Дар оғоз мутахасисони ватанӣ намерасиданд. Ва ҳамчун дастгирӣ ба Душанбе Комил Ёрматов, ки он солҳо дар киностудияи Тошканд фаъолият дошт, Гулмирзо Баҳор ва мутахасисони зиёд аз Бухоро ва Самарқанд омаданд. Таърихи кинои тоҷик бо номи Комил Ёрматов алоқамандии зич дорад. Ёрматов нахустин коргардони миллӣ гардид. Дар ибтидои  солҳои 30-юм  дар киностудияи Душанбе филмҳои беовоз ба монади «Ҳуқуқи боифтихор» (коргардон К. Ёрматов, 1932), «Вақте  ки амирон мемиранд» (коргардон Л. Печерина, 1932), «Муҳоҷир» (коргардон К. Ёрматов, 1934), «Худои зинда» (коргардон М. Вернер, 1935) офарида шуданд. Ин филмҳои ҳунарӣ моҳияти тарғиботӣ доштанд. Бо тамоми номураккабии худ филми «Муҳоҷир» тавонист як ҷузъи ҳаёти воқеиӣ тоҷикони ҳамон замонро инъикос намояд.

Дар ташаккулёбии санъати кинои миллӣ Гулмирзо Баҳор роли калон бозидааст. Баҳор нахустин шуда дар дар тасмаи кино чеҳраҳои ба мо арзишмандро чун устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  сабт намудааст. Дар солҳои ҷанг ба Сталинобод киностудияи Москва «Союздетфилм» кўчонида шуд. Ҳамроҳи он кинематографистони машҳури Россия низ омаданд, ки курсҳои такмили ихтисосро ҳам барои кормандони техникӣ ва ҳам барои ҳайати эҷодӣ таъсис намуданд. Ин дар натиҷа нақши муассир ҳам барои офаридани филҳои мустанад ва  барои барқарор намудани истеҳсоли филмҳои ҳунарию бадеии киностудияи Сталинобод гузошт.

Шурўъ аз нимаи дуюми солҳои 50-ум дар киностудияи тоҷик ҳамасола 3-4 филмҳои ҳунарӣ дар мавзўъ ва жанрҳои гуногун истеҳсол мешуд. «Мақоми олӣ» (коргардон Б. Кимягаров, 1958), «Шўълае дар кўҳсор» (коргардон Б. Далинов, 1958), драмаи мусиқавӣ «Ман бо духтаре во хўрадам» (коргардон Р. Перелштейн, 1957), «Писарро бояд зан дод» (коргардон Т. Собиров, 1959), «Зумрад» (коргардон А. Раҳимов, А. Давидсон, 1962). Мавзўи таърихӣ-инқилобӣ дар филми дусериягии «Одам пўсташро иваз мекунад» (коргардон Р. Перелштейн, 1959)   ба навор гирифта шуд. Инчунин филмҳои зерин: детектив «Амалиёти Кобра» (коргардон Д. Василев, 1960), филм-балет «Лайлӣ ва Маҷнун» (коргардон Т. Березантсева, Г. Валамат-зода, 1960), мазҳака «Насриддин дар Хўҷанд» (фимноманавис ва коргардон А. Бекназаров, 1959); дар мавзўи таърихи қадим- «Қисмати шоир» (коргардон Б. Кимягаров,   «Ливои оҳангар» (коргардон Б. Кимягаров аз рўи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, 1961) ба навор гирифта шуданд. Филми қисмати шоир»  Гран Прии Кинофестивали Байналхалқӣ дар Қоҳира, 1959)- ро сазовор гардид.

Солҳои 80-90-ум ба кинои тоҷик насли нав рўи кор омад, ки бо худ арзишҳои нав, дидгоҳи тоза ва мавзўҳои ҷадидро оварданд.

Дар киностудияи «Тоҷикфилм» филмҳои бадеии зерин ба навор гирифта шуданд:

«Контрольная полоса» (коргардон Юсуф Азизбаев)

«Вохўрӣ дар дараи марг» (коргардон Тоҳир Собиров)

«Ҷинояткор ва адвокатҳо» (коргардон Юнус Юсупов)

«Бросок» (коргардон Анвар Тураев) Ҷоизаи қушуни сарҳадии ИҶШС дар 15-умин кинофестивали умумишўроӣ дар Талин, соли 1982.

«В талом снеге звон ручья», ҷоизаи вижаи «Память» (Хоира) дар 16-умин кинофестивали умумишўроӣ дар Ленинград, соли 1983.

«Время зимних туманов» (коргардон Бақо Содиқов), филми дусерягӣ

«Шодмон бингар» (коргардон Марат Орипов)

«Асир» (коргардон Юнус Юсупов), дипломи кинофестивали мамолики Осиё, Афириқо ва Америкаи Лотинӣ дар Тошканд соли 1984.

«Асрори оилавӣ» (коргардон В. Аҳадов), ҷоиза барои беҳтарин коргардонӣ дар дидор- озмуни кинематографистони ҷавон дар шаҳри Кишинёв (1984 с.)

«Саргузашти Муки хурдакак» (коргардон Е. Кимягарова), ҷоиза барои мавзўҳои кўдакона дар кинофестивали «Зори Алатау»-и Қирғизистон (1984 с.)

«Ва боз як шаби Шаҳризода» (коргардон Тоҳир Собиров). Нахустин филми стереофонетикӣ дар формати васеъ дар таърихи кинои тоҷик мебошад. Ҷоизаи «Золотой меч» (Шамшери тилоӣ) дар кинофестивали байналхалқии шаҳри Димишқ (1985 с.).  Ҷоиза ва диплом барои беҳтарин кори коргардонӣ, ҷиҳати таҷассуми беҳтарин мавзўъ, барои иҷрои беҳтарин нақши занона дар иҷрои ҳунарпеша Л. Белогурова ва барои беҳтарин нақши  мардона ба ҳунарманд Ал-Ҳадад дар фестивали умумишўроӣ дар Вилнюс (1985 с.)  Ҷоизаи нахустин ба ҳайати эҷодкорони филм ва ҷоиза барои беҳтарин иҷрои нақши мардона дар кинофестивали шаҳри Душанбе.

Ба мо занг занед:

+992 (37) 227 17 87
+992 (37) 221 70 31

Суроға:

ҶТ. ш. Душанбе
к. Беҳзод 25. 734000

Ба мо нома фиристед:

tajikfilm@gmail.com
karimov_firdavs@mail.ru