КИМИЯГАРОВ БЕНСИОН

КИМЯГАРОВ БОРИС АЛЕКСЕЕВИЧ

(09.30.1920 – 04.19.1979), коргардон, ҳунарманди халқии Тоҷикистон (1960), барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1952), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1972). Узви Иттифоқи кинематографистони ИҶШС (1957). Бо ду «Нишони Фахрӣ» (1952, 1957), нишони «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1957), медали «Барои хизмати шоиста» (1946), Ифтихорномаи Кумитаи Шӯравӣ барои мухофизати сулх (1959) ва шаш Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Беларус (1968), нишони фахрии «Аълочии фарҳанги ИҶШС», Аълочии кинематографияи ИҶШС сарфароз гардидааст. Ӯ шуъбаи коргардонии (коргоҳи С. Эйзенштейн)-и Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москваро, (1944) хатм кардааст. Қабл аз таҳсил, соли 1936 ҳамчун ҳунарпеша ва ёрдамчии коргардон дар театри тамошобини ҷавон дар шаҳри Қӯқанди ҶШС Ӯзбакистон кор кардааст. Дар синамои Тоҷикистон аз соли 1944 ба ҳайси коргардони филмҳои бадеӣ, филмноманавис ва коргардони филмҳои мустанад кор кардааст. Асосгузори жанри таърихӣ, ҳамосавӣ дар синамои тоҷик ба хисоб меравад. Яке аз асосгузорон, котиби якуми раёсати Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (1962-1975) ба ҳисоб меравад. Дар анҷумани Иттифоқи кинематографистони ИҶШС соли 1965 узви раёсат ва дар анҷумани соли 1970 котиби Иттифоқи кинематографистони ИҶШС интихоб шудааст. Ҷоизаҳо дар синамољашнвораҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ, медали биринҷӣ ва дипломи фахрии синамољашнвораи байналмилалӣ дар Венетсия (1947) барои филми мустанади "Тоҷикистон"; дипломи синамољашнвораи байналмилалии филмҳои телевизионӣ дар Боку (1978) барои филми бадеии телевизионии "Одам пӯсташро иваз мекунад" (5 қисм); ҷоизаи асосии "Уқоби тиллоӣ" дар синамољашвнораи байналмилалии кишварҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира (1959) ва дипломи синамољашнвораи умумиитифоқӣ дар Минск (1960) барои филми "Қисмати шоир"; ҷоизаи синамољашнвораи умумииттифоқӣ дар Тифлис (1971) барои филми "Рустам ва Суҳроб"; љоизаҳо барои беҳтарин коргардонии филми душвор таҳияшаванда ва беҳтарин тасмими тасвиршаванда дар синамољашнвораи умумииттифоқӣ дар Рига (1976) барои филми "Достони Сиёвуш" (2 қисм) ба даст овардааст. Бо љоизаи давлатии ИҶШС барои филми пурраи мустанади «Тоҷикистони Шӯравӣ», љоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ барои филмҳои ҳунарии «Достони Рустам» ва «Рустам ва Суҳроб» қадрдонӣ шудааст. Бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 1981 №19 "Дар бораи гиромидошти хотира" Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ба номи Б.А. Кимягаров номгузорӣ шудааст. Рӯй овардан ба гузаштаи пурифтихори миллати тољик, инчунин ба фарҳанги муосири он, ба пардаи синамо кашидани достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, асарҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, мероси пурғановати ахлоқии тољиконро ба оламиён муаррифӣ карда, барои эҳё кардани халқи ворис ва давомдиҳандаи фарҳанги ҳиндуаврупоӣ саҳмгузор гаштааст. Фаъолият дар соҳаи синамо. Коргардони тахиягари филмҳои бадеии «Дохунда» (1956), «Мансаби баланд» (1958), «Қисмати шоир» (1959),«Ливои оҳангар» (1961), «Оромӣ намешавад»(1963), «Замони оромӣ» (1965), «Ҳасани аробакаш»(1965),«Бо амри дил» (1968), «Достони Рустам» (2 қисм, 1970), «Рустам ва Суҳроб» (1971), «Як умр кам аст» (1974), «Достони Сиёвуш» (2 қисм, 1976), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (5 қисм, телевизионӣ, 1978). Муаллифи филмномаи филмҳои мустанади «Тоҷикистон» (хамкоргардон, 1946), «Дар куҳҳои Помир»(1947), «Водии миллионерон» (1948), «Нерӯи бузург» (1949), «Садриддин Айни» (1949), «Сарзамини љавонӣ» (ҳаммуаллифи филмнома, 1950), «Тољикистони Шўравӣ» (1951), «Помир» (1951), «Дар Помир» (1952), «Иди халқи тоҷик» (хаммуаллифи филмнома, 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (1957), «Ҳамсояҳои мо» (1959), «Дар замири яхбастаи Помир» (1959), «Салом, Тоҷикистон» (1960), «Чор суруд дар васфи Тоҷикистон» (1964), «Вассофи ватан» (1968), «Санъати синамои Тољикистон» (1972), «Вохӯриҳои хотирмон» (1974), «Чароғи абадӣ» (1978). Коргардони филми мустанади «Соҳили дарёи Вахш» (1954). Муаллифи филмномаи филмҳои мустанади «Роҳи сафед» (1962), «Дар қуллаи Ленин»(1969), «Санъати Тоҷикистон» (1969), «Муҳаммадҷон Қосимов» (1973). Роҳбари ҳунарии филми мустанади «Саломи баҳорӣ ба Россия» (1967). Филми мустанад бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Б. Кимягаров «Поси хотира» бо коргардонии Е.Кимягарова, 1989.