Эълон

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати нақшофарӣ дар филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» аз рўйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзоев, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров ҳунарпешагону шахсони соҳибистеъдодро ба кастинг даъват менамояд.

Дар кастинг нафарони сину соли зерин ширкат карда метавонанд:

  1. Ҷавонписарони 17-24 сола;
  2. Ҷавондухтарони 17-24 сола;
  3. Мардони 35-60 сола;
  4. Занони 35-60 сола;
  5. Наврасони 8-16 сола;

Кастинг аз 27-ум то 29-уми октябр ва аз 1-ум то 4-уми ноябри соли 2020, аз соати 10:00 то 15:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25 баргузор мегардад.

Тамос: 985066656

              919365475

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав барои иҷрои нақшҳо дар филми ҳунарии «ОХИРИН САЙДИ САЙЁД» бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов, КАСТИНГ эълон менамояд.

Дар кастинг нафарони синнусоли зерин, ки дорои чеҳраи зебо, нутқи бурро ва ҳунару маҳорати нақшофарӣ доранд, метавонанд ширкат намоянд:

  1. Ҷавононписарони  25-30 сола;
  2. Ҷавондухтарони 17-22 сола;
  3. Мардони 50-55 сола;
  4. Бонувони 45-50 сола;

Кастинг рўзҳои 10-12 ва 13 – уми октябри соли равон аз соати 09:00 то соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25 баргузор мегардад.

Телефонҳои робита:
918 42 01 09,
93 111 55 44.


Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва синамосолномаҳо барои баррасӣ ва омӯзиш филмномаҳоро дар асоси «Тартиби пешниҳоди лоиҳаҳои синамоӣ», ки аз 01.04.2020 бо фармоиши директори МД «Тоҷикфилм» тасдиқ шудааст, қабул менамояд (Тартиб дар сомона ҷойгир карда шудааст).

Ҳамзамон, ба хотири тақвияти ҳамкорию равобити судманд филмноманависон, адибону эҷодкорон ва хоҳишмандонро ба ҳамкориҳои эҷодӣ даъват менамояд.

Маҳсули эҷоди хешро метавонед ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» пешниҳод намоед.

Тартиби пешниҳодҳои лоиҳаҳои синамоӣ қисми 1
Тартиби пешниҳодҳои лоиҳаҳои синамоӣ қисми 2