Ҳолномаи Маҳмадсаид Шоҳиён.
Махмадсаид Шохиён – директори Муассисаи давлатии «Точикфилм», дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикиистон таваллуд шудааст.
Мухтасар тарҷимаи ҳол | 1985 – 1989 – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ихтисоси ҳунарпешаи драма ва синамо; 1994 – 1998 – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Точикистон, ихтисоси тоҷири молшинос ; 1999 – 2002 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси ҳуқуқшинос; 2004-2006 – Муассисаи давлатии федеролии таълимии маълумоти олии касбии «Академияи хизмати давлатии Шимолу-Ғарбӣ»-и шаҳри Санкт-Петербург, ихтисос менеҷер; |
Собиқаи корӣ: | 1989 – 2000– ҳунарпешаи дараҷаи 1 Театри академию драмавӣ ба номи А. Лоҳутӣ; 2000 – 2001 – муовини директори «Тоҷикфилм»; 2001-2005 – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодӣ); 2005-2009 – директори «Телевизиони Сафина», ки имрӯз самараи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбар барои зиёиёни соҳаи маориф, фарҳанг ва санъат ба ҳисоб меравад. 2009-2011 – директори киностудияи «Тоҷикфилм»; 2011-2013 – мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2013-2015 – муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2015-2020 – раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз соли 2020 то ҳол директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм». |
Мукофотҳо | 1) Ордени «Шараф» (дараҷаи 1); 2) Нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон»; 3) Нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»; 4) Медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5) Медали «Аълочии кинематографияи тоҷик»; |
Ассотсиатсияҳо ва академияҳои касбӣ | Аълочии Иттифоқи кинематографистони ИҶШС; Соли 2013 бо қарори Шӯрои дисертатсионӣ оид ба ҳимояи рисола барои дарёфти унвони илмии доктори илм, унвони – номзади илмҳои иқтисодиро сазовор гаштааст; Дотсент; Узви комилҳуқуқӣ «Академияи телевизион ва радиои Авруосиё»; Аъзои Итифоқи кинематографистони Тоҷикистон; Соли 2005 рутбаи тахассусии Мушовири давлатии ҳақиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи 2 ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудааст; Муаллиф, таҳиякунандаи зиёда аз 25 филмнома ва нашрҳои сершумор дар соҳаи кино, театр ва продюсерӣ; Муаллифи 4 монография ва 50 мақолаҳои илмию методӣ дар соҳаи рушди иқтисоди телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз соли 2016 то 2019 ташаббускори таъсисдиҳии 4 шабакаи телевизионии (ТВ«Варзиш», ТВ «Синамо»,ТВ «Футбол», ТВ «Шахнавоз»), Академияи васоити ахбори омма дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2017-2021 8 шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, аз қабили «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон» ТВ«Варзиш», ТВ «Синамо»,ТВ «Футбол», ТВ«Суғд»-ро ба пахши баланди HD гузаронидааст. |
Корҳои эҷодӣ ва санаи ба итмом расидани онҳо | Давоми 30 соли фаъолият дар соҳаи фарҳанг ва театр нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Нақшҳои асосӣ дар театр: 1) Соли 1989 – Донишҷӯ нақши Шариф («Имтиҳон» аз рӯи асари Ҳ. Ансорӣ бо коргардонии Т. Аҳмадхонов); 2) Соли 1989 – нақши Ибод (пйесаи «Афсонаҳои муйсафед» аз рӯи асари Н. Абдулло бо коргардонии А. Муҳамадҷонов); 3) Соли 1990 – нақши Ҳофиз (пйесаи «Борбад» бо коргардонии Б. Миралибеков); 4) Соли 1991 – Сарбоз (пейсаи «Мардон намегирянд» муаллиф ва коргардон Т. Аҳмадхонов); 5) Соли 1992 – иштирок дар намоишномаи «Эдип»-и Софокл, коргардон Ҳ. Гадоев); 6) Соли 1993 – нақши асосии Родриго (аз рӯи асари Пйер Корнел «Сид» коргардон Х. Майбалиев); Нақшҳои асосӣ дар синамо: 1) Соли 1989 – иштирок дар ф/ҳ «Шӯравӣ» Краснопольский ва Усков (Мосфилм); 2) Соли 1990 с –ф/ҳ «Интиқомҷӯйи хурдакак» нақши Махмудбой, коргардони таҳиягар Г. Александров (Тоҷикфилм); 3) Соли 1991 – ф/ҳ «Ашк ва шамшер» (4 қисм) нақши қаҳрамони миллат Восеъро бозидааст, коргардони таҳиягар Т. Собиров (Тоҷикфилм); 4) Соли 1992 –ф/ҳ «Муҳаббат дар сад сол» нақши асосӣ Маҷнун, коргардони таҳиягар М. Қосимова (Тоҷикфилм); 5) Соли 2002 – ф/ҳ «Буд набуд» нақши Ҳалимбой, коргардонҳо А. Раҳматуллоев ва Раҷабалӣ Пиров (Тоҷикфилм); 6) Соли 2002 –ф/ҳ «Дар орзӯи падар» аз рӯи асари Кароматуллоҳи Мирзо, нақши Абдушукур, коргардони таҳиягар С. Қодирӣ (Тоҷикфилм); 7) Соли 2002 – ф/ҳ «Сароби биҳишт» коргардони Ю. Юсупов (Тоҷикфилм); 8) Соли 2007– ф/ҳ «Пуштаи Хандақпеч» аз рӯи асари М. Ғоиб, нақши Ватандор, коргардони таҳиягар С. Қодирӣ (Телевизиони «Сафина») 9) Соли 2009 – ф/ҳ «Кӯҳистонӣ» аз рӯи асари Н. Абдулло, нақши Файз, коргардон Ю. Юсупов (Телевизиони «Сафина») 10) Соли 2010 – ф/ҳ «Чарх» нақши Шаҳзод, коргардон Ш. Раҷабов (Телевизиони «Сафина») 11) Соли 2011 – ф/ҳ «Соҳил» аз рӯи асари Муҳибуллоҳи Қурбон, нақши Ансорӣ, коргардон Р. Пиров (Тоҷикфилм) Ба зиёда аз 100 нақши филмҳо дар МД «Тоҷикфилм», телевизиони «Сафина», телевизиони «Тоҷикистон» ва телевизиони «Синамо» бо забони тоҷикӣ овоз додаст. |