Асари адиби машҳури тоҷик рӯи пардаи синамо меояд Leave a Comment / Хабарҳо / By Администратор “Раҳпаймоии домодшавандагон” чунин ном гирифтааст, асари Темур Зулфиқоров, ки коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов аз рӯи он филми навбатии худро таҳия кардааст. Филми мазкур дар ҳоли банду баст ва коркарди овоз қарор дошта, намоиши он рӯзҳои наздик дар назар аст. Жанри филм ҳаҷвӣ буда, дар он ҳунармандони ҳирфаии кишвар ҳунари худро санҷида, қазоватро ба бинандаҳо ҳавола кардаанд. Зимчуруд ва кӯчаву паскӯчаҳои шаҳри Душанбе макони наворбардорӣ интихоб гардиданд. Филми “Раҳпаймоии домодшавандагон” баъд аз “Хоби ҳамдуна” дуввумин филми пурраи коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов мебошад.