Оинаи беҷило

Соли Бароиш:2013
Коргардон: Саид Носиров
Жанр:Драма
Филми ҳунарӣ, 1 соату 31 дақиқа.

Муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов, коргардон Носир Саидов, наворбардор Георгий Дзалаев, оҳангсоз Далер Назаров, танзимгар Диловар Султонов, садобардор Ҳусайн Маҳдавӣ, танзимгари садо Ҳуро Маликӣ.

Дар нақшҳо: Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Парвиз Саидов, Мадина Назарамонова, Тимур Турсунов.

Ромиш ҷавони озурдаест. Ӯ қалби бемор дорад. Зиндагӣ, ишқ ва умри одамон барояш беарзиш аст. Як бархурдӣ ногаҳонии Ромиз бо Шаҳзоди ошиқ ва фарзанди ягонаи падар боиси марги Шаҳзод аз дасти Ромиз мегардад. Дигар қалби солими Шаҳзод дар синаи Ромиз метапад. Дигар Ромиз рангҳои зиндагиро дӯст медорад, меҳр ба падар мебандад, дар роҳи ишқи ҳақиқӣ меафтад, дигар падари Шаҳзод Ромизро писар мехонад.  Аммо кафорати гуноҳ дар зиндагӣ ногузир аст.

Ҷоизаҳо: Нахустнамоиши ҷаҳонӣ дар кинофестивали байналмилалии Буссан “Bussan IFF”

“Барои беҳтарин филмнома”, соли 2014 дар кинофестивали байналмилалии “Фаҷр” Ҷумҳурии Исломии Эрон.

(Нусхаи филм бо зернависи англисӣ дарHard Dick My Book ҳаст)