Филме ки ду фазо дорад

Дар доираи татбиқи барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022 аллакай ду филми ҳунарии пурра дар таҳияи коргардонҳои варзида наворбардорӣ шуда, рӯзҳои наздик рӯйи пардаи синамо хоҳанд омад. Филми ҳунарии “Рақси зиндагӣ”дар таҳияи коргардон Муҳаббат Сатторӣ рӯйи навор омада, дар банду басти садоӣ қарор дошата, миёнаи моҳи феврал ба намоиш гузошта мешавад.
Филми мазкур дар манзараҳои зебои кишвар тавъам бо филмномаи баландмазмун таҳия гардидааст. Ҳунармандони варзидаи кишвар, чун Абдукарим Машрабов, Аловуддин Абдуллоев, Тоҷиниссо Саидова, Мастура Ортиқзода дар ин филм нақшҳои хотирмонро иҷро намудаанд. Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов буда, аз рӯйи ҳикояи Зарринаи Акрамдухт ба матни филм кашида шудааст.
Филм дар шаҳри Душанбе ва мавзеи зебоманзари Чилдухтарон наворбардорӣ гардида, аз ҳаёти як духтари санъаткор қисса мекунад, ки ба ҷавони деҳотӣ дил мебанад. Воқеаҳои ва лаҳзаҳо тавъам бо русуми деҳа миёни ду табиат ба тасвир кашида мешаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *