100 соли ҳунардӯстӣ Leave a Comment / Хабарҳо / By Администратор Барои рушду таҳкими ҳамкорӣ ва равобити судманд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 100- солагии Донишкадаи давлатии умимиросиягии филмофарон ба номи С.А Герасимов (ВГИК) таҷлил мегардад. Дар маросим ҳамаи хаткунанлагон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин боргоҳ таълим гирифтаанд, ташриф меоваранд. Зимни баргузории чорабинии мазкур дарсҳои озоди филмофарӣ бо мутахассисони собиқадор аз донишкада ташкил шуда, инчунин маҳсули эҷоди донишҷӯён намоиш дода мешавад. Дар Донишкадаи давлатии умумиросиягии филмофарон ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) ҳунармандон ва коргардонҳои варзидаи тоҷик чун Валерий Аҳадов, Бахтиёр Худойназаров, М. Юсупова, Маргарита Қосимова, Анвар Тураев, Марат Орипов, С. Қурбонов, Давлат Усмонов, Юнус Юсупов ва даҳҳо тани дигар ба майдони эҷод омадаанд, ки маҳсули кори онҳо мондагор мебошад. Таҷлили ҷашнвораи ин боргоҳ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нақша буда, хотираи гузашта ва имрӯзаро ба оянда пайванд месозад.