Иштироки филмҳои Таксӣ ва Бархурд дар Киноҷашнвораи Шарм – ал – Шайх

Филми “Таксӣ” ва “Бархурд” дар Киноҷашнвораи байналмилалии осиёии Шарм –ал- Шайх (Sharm El-Sheikh Asian Film Festival (SAFF)) Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.  Киноҷашнвораи мазкур аз 2- юм то 8 –уми моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри сайёҳии Шарм –ал- Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор мешавад.  Ин фестивал дар миёни кашварҳои арабӣ яке аз беҳтарин ҷашнвора ба ҳисоб рафта, ҳамбастагии фарҳангҳоро  миёни мамолики арабӣ ва осиёӣ бозтоб менамояд. Боиси хушнудист, ки маҳсули эҷоди ҷавонони филмофари тоҷик Файзулло Файзов ва Фирдавс Ниёзов  дар киноҷашнвораи мазкур иштирок менамоянд.