Аз 11-ум то 15 –уми март дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе 100- солагии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографӣ ба номи С. А Герасимов (ВГИК) баргузор мешавад. Шоми душанбе меҳмонони олиқадр бо нияти таҷлил аз ин санаи фархунда ба шаҳри Душанбе меоянд. Ҳайати меҳмонон аз омӯзгорони варзида ва коргардонҳои машҳур иборат буда, барои дӯстдорони кино ва театр дарсҳои “коромӯзӣ” баргузор менамоянд.
Вохӯриву сабақҳои “устоду шогирд”дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода ва қисме дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барпо гардида, барои дӯстдорони санъати синамо аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.
Ҳамчунин, филмҳои машҳури хатмкунандагон ва донишҷӯёни Донишкадаи мазкур дар кинотолорҳои “Зебуннисо” ва “Ватан” ба тариқи ройгон намоиш дода мешаванд.