Нахустнамоиши филми ҳанарии “Бункер”

Коргардони шинохта Диловар Султонӣ филм навбатии худро бо номи “Бункер” рӯйи навор овард. Сужаи филм дар бораи чанд нафар кудак нақл мекунад, ки пас аз анҷоми дарс тасмими шухиомез мегиранд то ҳамсинфи худро дар бункер маҳкам намоянд. Ҳамон бунекре ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарбозони немис онро сохта буданд. Сару садоҳои бункер миёни мардум бо дигар тарз шакл гирифта буд. Гуё немисҳо нопадид шуда ва руҳи онҳо дар он макон бошад. Ин гуфтаҳо якҷоя бо торикӣ ва фазои ваҳшатноки бункер дар зеҳни Муҳаммади хурдсол тарсу ваҳмро меофарад. Пас аз дидани ин ҳолат дар зеҳни бинанда саволе ба миён меояд ки оё Муҳаммади хурдсол дар муқобили тарсу ваҳшат бо иродаи қавӣ  мардонавор истода метавонад?   

Филми ҳунарии “Бункер” дар миёни зиндагии Муҳаммади хурдсол моро ба сайри Душанбеи солҳои 60 – уми асри гузашта мебарад.

 Муаллифи филмнома Диловар Султонӣ мебошад, ки аз рӯйи воқеаи рӯхдода навишта шудааст. Оҳангсоз Далер Назаров, Рассом –таҳиягар Далер Миҳтоҷов ва наворбардор Акмал Восидӣ мебошад. Филми “Бункер” дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов,  Муҳсин Султонӣ, Азам Караев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд.

Ҳаҷми филми “Бункер”  26 даққиқа буда, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таҳия гардидааст.

Нахӯстнамоиши филми ҳунарии “Бункер” рӯзи 30-юми март соати 12:00 дар кинотолори Зебуниссо баргузор мегардад. Даромад ройгон аст.

Трейлери филми “Бункер” 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *