Коргардони ҷавон Ватандор Шеров филми кӯтоҳи ҳунарии худро бо номи “Инсоф” рӯйи навор овард. Нахустнамоиши он дар таърихи 27 апрел, соати 11 дар толори синамоии “Тоҷикфилм” баргузор мегардад. Ҷараёни сабти филм миёнаи моҳи январ сурат гирифта, макони наворбардорӣ шаҳри Душанбе ва деҳаи Чуянгарони шаҳри Ваҳдат интихоб шуда буд. Филм кутоҳмуддат буда, дар он ҳунармандони театру синамо аз қабили Бунёд Комилов, Аъзам Розиқ, Далер Мирхонов, Аҳлиддин Ҳасанов ва Суҳроб Ҷанҷолов нақш офаранд.
Сужаи филм коста шудани меҳру шафқат миёни мардум дар замони ҷаҳонишавӣ ва муносибати духтур бо мизоҷро думболагирӣ мекунад.
Муаллифи филмнома Абдулмумин Шарифӣ буда, муҳтаво аз рӯйи ҳикояи Муҳаммадшариф Бобошоҳзода бардошта шудааст.
Қаблан Шеров Ватандор дар мавзӯи никоҳи хешутаборӣ ва танзими ҷашну маросимҳо филм бардошта буд. Филми “Инсоф” сеюмин кори эҷодии ӯ мебошад, ки бо дастгирии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рўйи навор омад. Санаи 27 апрел соати 11 дар толори синамоии Тоҷикфилм намоиш дода шуда, даромад ройгон аст.