Коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов филми навабтии худро бо номи “Роҳ” рӯйи навор овард.
Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов буда, муҳтавои он дар бораи бонувоне қисса мекунад, ки баъд аз адои ҷазои тулонӣ аз маҳбас баромада ва пас аз ин воқеаҳои муаммодору баҳсбарангез ба гардиш меояд.
Қаҳрамонҳои асоси филми “Роҳ” бошад, заноне ҳастанд ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара шудаанд ва ҷомеа чӣ бархурде нисбат ба занони маҳбусӣ нишон медиҳад? Зеро афроди ҷомеа нисбат ба нафароне ки зиндонӣ шудаанд, фосилагузорӣ менамоянд. Чунки барои мардум маҳбуси шудани зан як даҳшат ҳисобида мешавад. Барои бинанда бошад, зиндагии минбаъдаи занон муаммост.
Ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Ниссо Муҳаммадҷонова, Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов дар филм нақшҳои асосиро офаридаанд.
Алексей Мячиков ки тули чанд сол аст бо коргардон Носир Саидов дар филмҳои “Муаалим” ва “Оинаи Беҷило” чун коргардон дуюм ифои вазифа мекунад, мегуяд ки “Мушкили рақами як барои синамогарон ин пайдо намудани чеҳраи нав дар кишвар аст. Зеро яке аз меъёрҳои мавҷудбуда дар филм ин пайдо кардани чеҳраи нав мебошад. Хушбахтона мо кушиш намудем ки дар филми “Роҳ” бо дар назардошти омилҳои мавҷуда чеҳраҳои навро ҷалб намоем. ” Ҳунармандони ҷавон Мунира Зоирова ва Ҷовидон Маҳмадов ки дар кишвари Россия мактаби ҳунарпешагӣ хондаанд, далели гуфтаҳои боло буда, барои нақш офаридан ҷалб шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар баробари Алексей Мячиков барои офаридани филми “Роҳ” мутахассисон аз хориҷи мамлакат ҷалб шуда буд. Александр Голупсов ва Татяна Помисова барои сабти овоз ва пардозгарӣ аз шаҳри Маскав даъват шуда, ки онҳо бори аввал бо филмофарони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд.
Муаалифи филмномаи “Роҳ” Сафар Ҳақдодов, коргардон Носир Саидов, наворбардор Георгий Дзалаев буда, филми дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст. Оҳангсози филми мазкур Далер Назаров буда, тадвингари он Диловар Султонӣ мебошад.
Гуруҳи эҷодии филми “Роҳ” пайвандгари занҷираи насли класикӣ бо замони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар ҷодаи худ дорои мактаби ҳирфаии худ ҳастанд.
Акс аз ҷараёни наворгирии филми ҳунарии “Роҳ”

