Дар доираи ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва сафорати Фаронса дар Тоҷикистон аз 21-ум то 25 – уми август Фестивали филмҳои Фаронса дар вилояти Суғд баргузор гардид. Филмҳои ҳунарии “Фермер”, “Венсон сарпаноҳ надорад” ва “Ҳипократ”, ки дар Шуъбаи дубляжи “Тоҷикфилм” ба забони тоҷикӣ баргардонида шудаанд, дар ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва Гулистон пешкаши ҳаводорони синамо гардонида шуданд. Намоиши филмҳо барои сокинони деҳаҳои дурдаст ба тариқи ройгон дар фазои кушод ҷараён гирифт.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” минбаъд ҳамкориву равобитро бо сафоратҳои муқими Тоҷикистон идома дода, дар ин замина филмҳои синамогарони Туркия, Олмон ва Федератсияи Русияро тарҷумаву дубляж намуда, манзури сокинони кишвар хоҳад кард.