Филми кӯтоҳмуддати “Бункер” дар кишвари Фаронса миёни филмҳо аз Олмон, Юнон, Лаҳистон, Португалия, Белгия, Эрон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд (Голандия) ва Руминия давлати Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Дар барномаи 37-умин Ҷашнвори ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳи Экс-ан-Прованс (Festival International de courts métrages Aix-en-Provence) навишта шудааст, ки филми “Бункер” бо беш аз 45 филм рақобат хоҳад кард. Ҷашнвораи мазкур аз 3-юм то 7-уми декабр дар шаҳри фарҳагиву таърихии Экс-ан-Прованси Фаронса баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар 15-умин Ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил (International short & independent film festival (ISIFF), ки дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка аз 7-ум то 13-уми декабр шуда мегузарад, филми “Бункер”-ро қабул намуданд.
Филми “Бункер” аз ҳаёти воқеӣ навишта шудааст. Он аз зиндагии наврасе бо номи Муҳаммад қисса мекунад, ки ҳамсабақонаш бо нияти шӯхӣ ӯро дар бункер маҳкам менамоянд. Аммо аз пайгирии волидайни Муҳаммад ҳамсинфон тарсида, дар куҷо будани ӯро ба касе намегӯянд. Муҳаммади худрсол аз торикӣ ва садоҳои хашини қубури бункер ба даҳшат меафтад. Идомаи қиссаро бинанда худ шоҳид мешавад, ки дар он зулмот ва макони касногузар тақдири ӯ чӣ мешавад?
Дар баробари ин қисса, бинанда сайри Душанбеи солҳои 60-уми асри гузашта мекунад.
Муаллифи филмнома ва коргардони он Диловар Султонӣ буда, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Миҳтоҷов ва наворбардор Акмал Восидӣ мебошанд. Филми “Бункер” дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Азам Караев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд. Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, он дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” соли 2019 рӯи навор омадааст.