Аз 16 то 20-уми ноябр дар “Хонаи кинои тоҷик” (кинотеатри Зебуннисо) намоиши филмҳои Федератсияи Русия барпо мегардад. Имсол ба Душанбе филмҳое оварда шудааст, ки аз ҷониби коргардонҳои шинохта таҳия гардидаанд. Ин барнома аз ҷониби Вазорати Фарҳанги Русия ва ташкилоти “Фест-Синема” дар ҳамкори бо Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва МД “Тоҷикфилм” ташкил шудааст.
Бо иштироки филмофарони тоҷику рус мизи мудаввар дар мавзуи “Воситаҳои пешниҳоди кинои миллӣ дар фазои ҷаҳони мулти културалӣ” баргузор мешавад.
Дар назар аст 6 филми ҳунарии пурраметраж ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин ҳайати эҷодии филмҳо меҳмони Тоҷикистон мешаванд.
Рӯйхати филмҳое, ки ба намоиш гузошта мешавад: – “Хоҳарак”, “Як замоне дар Трубчевск”, “Якшанбе”, “Одесса”, “Ин доимӣ нест”, “Керосин”
Тамошои ҳамаи филмҳо ройгон аст.