Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои дастгирӣ ва фароҳам овардани фазои эҷодӣ “нишасти синамогарон”-ро эълон медорад. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар толори синамоии “Тоҷикфилм” филм ба намоиш гузошта мешавад.
Ин дафъа санаи 15-11-2019 соати 14:00 филми ҳуҷҷатии «Ҳаворӣ-2019» -и коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ рӯйи пардаи синамо меояд. Баъд аз намоиш ҳар хоҳишманд метавонад филмро аз диди худ мавриди нақд ва таҳлил қарор диҳад. Иштироки ҳар фард дар “нишасти синамогарон” озод аст.
Маълумот дар бораи филми ҳуҷҷатии «Ҳаворӣ-2019»
Коргардон: Шоҳҷамшед Умарӣ
Наворбардор: Мумин Латифӣ.
Муҳтаво: Филм аз ҳаёти як фард қисса мекунад, ки 10 сол пеш аз музофоти Қрим ба Тоҷикистон омадааст ва тули ин муддат дар кучаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе умр ба сар мебарад. Ба рағми хиёбонӣ буданаш дорандаи донишу ҷаҳонбинии фалсафӣ мебошад. Аммо дар зеҳни бинанда пурсишеро месабзонад, ки чаро ӯ оворагардиро интихоб намудааст?
Ҳайати эҷодӣ: Шоҳҷамшед Умарӣ, Мумин Латифӣ, Далери Имомалӣ ва Дидор Саъдуллоев.
Соли тавлид: 2019