“Лолаи тиллоӣ” нишасти матбуотӣ мегузаронад

          Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ”  нишати матбуотии худро санаи 15-уми ноябр, соати 11:30 дар Маркази фарҳангии Бохтар (Бактирия) баргузор менамояд. Дар нишаст cафири кишвари Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гудэард, муовини якуми роҳбари МД “Тоҷикфилм” Толиб Раҳматуллоев, директори МФ “Бохтар” (Бактрия) Сергей Чутков, масъули ҷашнвора Искандар Усмонов  ва ҳамоҳангсози ҷашнвора Амонулло Каромов ширкат менамоянд.

          Ҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” нахустин бор аст, ки нишасти матбуотии худро  доир менамояд ва  саволу пешниҳодҳо дар доираи санъати синамо сурат мегирад. 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *