Дар доираи “Ҳафтаи таҳаммулгароӣ ва фарҳанги инсон будан”, ки аз 11 то 16- уми ноябр дар пойтахти Русия шаҳри Маскав таҷлил гардид, филми кутоҳмуддати “Бункер” ба намоиш гузошта шуд.
Студияи Виталий Манюков 4 филми кутоҳмуддатро дар шакли “алманах” ҷамъоварӣ карда, зери мавзӯи “Сарнавишти кудакон дар дасти калонсолон” пешниҳод кардааст. Дӯстдорони синамо аз филмҳои “Ҳаво” – коргардон Виталий Манюков, “Модар” – коргардон Владимир Котт, “Ӯ аз они ман”- коргардон Владислав Ритков ва “Бункер”- коргардон Диловар Султонӣ, ки дар миёнаи достони онҳо ҳолати равонии кӯдак ва тақдири он қарор дорад, дидан намуданд.
Намоиши чоргона (алманах) дар ҳафтаи “Таҳаммулгароӣ ва фарҳанги инсон будан”- бахши “аз нигоҳи кудакон” сурат гирифт, ки ҳамоиши мазкур яке аз чорабинии номдор дар шаҳри Маскав мебошад.