Бангладешиҳо 12 филми тоҷикиро тамошо хоҳанд кард

          Аз 7 то 13 декабр намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ дар 15-умин Киноҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар кишвари Бангладеш сурат мегирад. Намоиши мазкур бо унвони “Кишвар дар конуни дурбин: Тоҷикистон” созмон ёфтааст.

         Дар ин барнома, беш аз 12 филм, ки онҳоро синамогарони тоҷик дар солҳои 2018 ва 2019 офаридаанд, намоиш дода мешавад. Дар ин миён филмҳои ҳуҷҷатии “Умед”- коргардон Дилошӯб Орифзода, “Шӯроб” маҳсули кори якҷояи Дилошӯб Орифзода ва Далер Имомалӣ, “Умарако”- коргардон Далер Имомалӣ, инчунин  фимлҳои кӯтоҳи “Чархофалак” ва “Марги ламсшуда” аз коргардон Беҳрӯз Давлятбеков, “Таксӣ”- коргардон Файзулло Файз, “Бархӯрд”- коргардон Фирдаус Нину, “Некӣ”-коргардон Маҳмадрабӣ Исмоилов, “Дуғоб” – Зайнулобиддин Мӯсо, “Бункер”- коргардон Диловар Султонӣ, “Аз баландии парвоз” – коргардон Акмал Восидӣ, “Боздоштшудагон” аз коргардон Хушнуда Шукурова, ки онро дар ИМА таҳия кардааст, ба намоиш гузошта мешаванд.

         Дар барномаи озмунӣ бошад, танҳо филми ҳуҷҷатии “Умарако” аз коргардон Далер Имомалӣ миёни 8 филм аз кишварҳои Миянмар, Бангладеш, Ҳиндустон, Ҷопон, Тиркия ва Тоҷикистон иштирок мекунад.

        Барномаи “Кишвар дар конуни дурбин: Тоҷикистон”-ро  коргардон ва мунаққиди тоҷик Шарофат Арабова созмон додааст.  Бештари филмҳо, ки дар чорчӯби барномаи мазкур намоиш дода мешаванд, бо ҳамкорӣ ва ё истеҳсоли МД “Тоҷикфилм” мебошанд.    

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *