Иқдоми нав дар “Тоҷикфилм”

          Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар (ДДБ) ба номи Носири Хусрав конференсияи назариявӣ таҳти унвони “Кино ҳамчун муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.

          Каломи Қудратулло Абдураҳимов – муовини ректор оид ба таълим ҳамоишро оғоз бахшида, сипас Кароматулло Саидов,  сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” дар мавзӯи “Рушди кинои тоҷик”, директори Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” Зафар Муҳаббатзода дар мавзӯи “”Хатлонсинамо” падидаи даврони Истиқлол” ва коргардони МД “Тоҷикфилм” Абдулҳай Зокиров дар мавзӯи “Вазъи синамо дар замони Истиқлолият” баромад намуданд. Баъдан филми ҳунарии “Бархез модар” бо коргардонии Абдулҳай Зокиров пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Дар конфронс оид ба ташкили ҳамкориҳои эҷодӣ, таҳяи филм дар сатҳи баланд, муаррифии симои миллат ба воситаи синамо ишора шуд.

          Дар ҳамоиш Маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино”, ки баъди таъсиси МД “Тоҷикфилм” асос гузошта шуд, рӯнамоӣ гардид.

          Ниҳоди эҷодии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ДДБ ба номи Носири Хусрав иқдоми мазкурро роҳандозӣ намуданд, ки минбаъд чунин ҳамоишҳои синамоӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ҳокимияти шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар назар аст. Конференсияи назариявӣ ба ифтихори 90 солагии таъсисёбии кинои тоҷик созмон шуда буд.

Аксҳо аз ҷараёни ҳамоиши синамоӣ

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *