“Нигоҳи ғизол” – сайри баҳор дар фасли сармо

            Нахустнамоиши филми ҳунарии “Нигоҳи ғизол” дар толори синамоии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” баргузор гардид. Филми мазкур айёми фасли баҳор дар минтақаи Қаратоғ бо коргардонии Носир Раҳмон таҳия шудааст.

            Чор марди камондор ба нияти шикори саркардаи оҳувон ба парваришгоҳи ҳайвонҳои нодир сафар мекунанд. Аммо Суҳроб, ки нигоҳбонии онҷоро ба зимма дорад, садди роҳи онҳо мегардад. Ҳамин тавр шахсони тамаъҷӯй, ки роҳбарашон  Мансури ланг аст, ба  Суҳроб даргир мешаванд. Аз як тараф сужаи филм бинандаро думболи худ бибарад ҳам, аз сӯйи дигар бошад, зебогии манзараҳои Қаратоғ мафтун менамояд.

          Филми ҳунарии “Нигоҳи ғизол” мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ наворбардорӣ шуда, дар он Аҳмадҷон Қудбиддинзода, Фахриддин Саъдиев, Самоҷони Тағойзода ва Фирдавс Ҷалилов нақш офаридаанд.    Коргардони филми “Нигоҳи ғизол” Носир Раҳмон ва наворбардор Шуҳрат Қурбонов буда, онро Далер Назаров оҳанг бастааст.

         Қарор аст бо зернависи забонҳои хориҷӣ ба киноҷашнвораҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардад.

          Филми “Нигоҳи ғизол”  ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *