Миёни филмҳо аз 20 мамлакати ҷаҳон дар шаҳри Литсани музофоти Юнанни кишвари Чин филми “Хаёлфурӯш” ҷоизаи “Golden Begonia Award” (Бегонияи тиллоӣ)-ро дар 7 –умин Киноҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои хурд (7th Asian Micro Film Art Festival) соҳиб гардид.
Корградони филми “Хаёлфурӯш” Шарофат Арабова буда, соли 2017 дар ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва студияи синамои ҳиндии “Марудхар Артс” истеҳсол шудааст.
Филми мазкур аз рӯи асари нависандаи маъруфи ҳиндӣ Рабиндранат Тагор – “Кобулӣ” ба навор гирифта шудааст. Муҳтавои он дӯстӣ ва меҳру шафақатро миёни одамон ба тасвир мекашад.
Пеш аз ин филми мазкур дар Киноҷашнвораҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз ҷумла: 5 умин “Киноҷашнвораи Осиёӣ” дар Испания, 4-умин “Кинофестивали Кашмир” ва 16-умин “Киноҷашнвораи Осиёии Мумбай –чашми сеюм”-и кишвари Ҳиндустон, 2-юмин “Киноҷашнвораи ҷаҳонии занона дар шаҳри Асван” -и давлати Миср, Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” Шветсия, Синамоҷашнвораи байналмиллалии занона дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Ҷогҷа – Нетпак”, Индонезия ва 16 –умин Кинофестивали байналмиллалии Дака Бангладеш иштирок намдуда, сазовори диплом ва ҷоизаҳо гардидааст.

Ҳамчунин миёни 20-гонаи филмҳо аз 20 мамлакати ҷаҳон барои соли 2020, филми “Хаёлфурӯш” дар мамлакати Бангладеш манзури тамошобинон меградад.
Коргардон Шарофат Арабова буда, дар филм ҳунарпешаи ҳиндӣ Пушпендра Сингх ва Мафтунаи Одилҷон нақши марказиро иҷро намудаанд.
Ҷоизаи “Бегонияи тиллоӣ” охирин ҷоизаест, ки филми “Хаёлфурӯш” соҳиб гардид. Дархоскунандагон метавонанд филми “Хаёлфурӯш”-ро дар Сомонаи ҷаҳонии “Ютуб” тамошо намоянд.
Барои тамошои филм тугмачаи “нигаристан”-ро зер кунед.