Синамоҷашнвораи якуми байналмиллалии “Душанбе”

          Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Киноҷашнвораи якуми байналмиллалии “Душанбе” баргузор мешавад. Дар ин ҷашнвора меҳмонон ва синамогарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд. Синамоҷашнвора аз ду озмун: озмуни байналмиллалӣ ва беҳтарин дастоварди кинои миллӣ иборат буда, дар 8 наминатсия барои ҳарду бахш ҷоиза дода мешавад. Барои наминатсияи беҳтарин филми ҳунарӣ “Шоҳҷоиза” (Гран При) муқаррар шудааст.  

          Дар чорчӯбаи Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Душанбе” то 20 филми пурра муқаррар шудааст. Ченаки асосии киноҷашнвораи мазкур филмҳои оммаписанди гуногунжанр (ба истиснои филмҳои аниматсионӣ) муайян шудааст, ки ба чунин андоза миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ҳамто надорад. Алакай сомонаи расмии киноҷашнвораи мазкур дар фазои интернетӣ бо номи www.dushanbeiff.tj фаъол аст.

          Ташкилкунандагони Киноҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошанд. Он дар ду сол як маротиба баргузор шуда, ҳадафи асосӣ барои таҳкими ҳамкориҳо синамогарони Тоҷикистон ва ошноӣ пайдо кардани тамошобини тоҷик бо дастовардҳои беҳтарини синамои ҷаҳонӣ буда, ба Рӯзи шаҳри Душанбе бахшида мешавад. Намоди асосии Киноҷашнвораи мазкур муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи шаҳри Душанбе ва аз ду тараф онро лента иҳота кардааст, ки маънои киноҷашнвораро медиҳад.

          Дар Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Душанбе” 5 довар аз дохил ва хориҷи кишвар интихоб мешавад. Инчунин мизи мудаввар, коргоҳи ҳунарӣ (Мастер класс) бо ҳузури меҳмонон ва ширкаткунандагон ташкил мешавад.

         Зимни баргузории Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Душанбе”  осори синамоӣ  ва хидматҳои шоистаи коргардони маъруфи тоҷик Борис Алексеевич Кимгаров барои миллати тоҷик гиромӣ дошта мешавад.

         Имсол Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Душанбе” аз 13-ум то 18-уми апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда, қабули дархостҳо барои иштироки филмҳо то 1-уми март аст.

         Сомонаи Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Душанбе”: www.dushanbeiff.tj

 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *