“То охирон нафас”, филми навбатии Фирдавс Ниёзов

          Коргардони ҷавон Фирдавс Ниёзов (Нину, Фирдаус Ниязов) тасмим дорад филми навбатии худро бо номи “То охирон нафас” наворбардорӣ намояд. Филм дар марҳилаи омодагӣ барои таҳия ва интихоби ҳунармандон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки дар филми мазкур ҳунармандони номии кишвар Лутфулло Давлатов ва Аловуддин Абдуллоев ҷалб мешаванд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳамкориҳои эҷодӣ бо хориҷи кишвар Ричард Колин аз мамлакати Конго ва Эсер София аз Австрия барои нақш офаридан даъват мегарданд. Филм дар жанрҳои экшн, трейлер (тизер) ва детектив таҳия шуда, дар шаҳри Душанбе наворбардорӣ мешавад.

          Подоши амал, иродаи мустаҳкам ва парда бардоштан аз болои дурӯғ ҷавҳари асосии филмнома мебошад.

      Муаллифи идеяи филмнома Фаррух Хоҷаев буда, қарор аст моҳи феврал марҳилаи наворбардории филми “То охирон нафас” шуруъ гардад. 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *