Дар Агентии итттилоотии “Ховар” нишасти матбуотии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО баргузор гардид. Зимни баргузории нишаст вазъи кунунии синамои миллӣ ва рушду такомули он мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуд.
Директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён синаморо санъати муҳим барои рушди тафаккури миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи олам номид. Барои боло бурдани синамои ватанӣ ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ, эҷодиву пешниҳоди филмномаҳои баландғоя, таҳия ва наворбардории филмҳои баландмазмун, бунёд ва таъмири кинотолорҳои замонавӣ дар қаламрави мамлакат, назорати маводҳои аудиовизулӣ аз ҳадафҳои муҳим дониста шуд.
Роҳбарияти муассиса иброз доштанд, ки риояи ҳуқуқи муаллифӣ нигаронкунанда буда, барои рафъи камбудиҳо дар ин самт заминаи меъёрии ҳуқуқӣ такмилро тақозо мекунад. Бе риояи ҳуқуқи муаллиф имрӯзҳо филмҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, ки паёмади хуб надошта, сабаби коҳиши таҳияи филм ва рушд накардани соҳа мегарданд.
Директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён омили дигари аз рушд мондани синамои ватаниро фарогирӣ як мавзӯъ будани муҳтавои филмҳо номид, ки ба дарди ҷомеа бар намехӯранд.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ният дорад, ки мутахассисони хориҷиро барои таҳияи филмҳои баланд ҷалб намояд. Зеро Тоҷикистон мамлакатест, ки тамоми шароиту талаботи филмофарӣ, аз ҷумла табиати нотакрор, чеҳраю симоҳои зебову дилкаш, манзараҳои нодиру дилфиребро доро буда, барои филмбардорӣ мусоид мебошад.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои тақвияти ҳамкориву равобити судманд бо кишварҳои Чин, Беларус, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кинематографияро ба имзо расонид, ки ҷиҳати рушди синамо заминаи мусоидро фароҳам меоваранд.
Аксҳо аз ҷараёни нишасти матбуотӣ





